Боз як навиди тоза дар осмони Самарқанд

14.04.2022 17:46

Бо ташаббуси равшанфикрону фарҳрехтагони Самарқанд шумораи нахустини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаҳои Шарқ” моҳи марти соли 2022 аз чоп баромад. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллӣ барои мардуми тоҷиктабори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин беҳтарин туҳфа мебошад.

Ҳамзабонони ватандӯстро ба интишор шудани ин навниҳоли адабӣ табрик гуфта, ба сармуҳаррир ва ҳайати эҷодии он барори кор ва комёбиҳои ҳар чи бештарро таманно менамоем.

Солҳои охир бо шарофати сиёсати фарҳангпаронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои миллатҳои муқими Ӯзбекистон, аз ҷумла тоҷикон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар маркази вилоятҳо хонаҳои дӯстӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо тоҷикон, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо, тоторҳо, русҳо ва дигар қавмқу миллатҳо бо ҳам омада, анъанаву суннатҳои худро тарғиб менамоянд ва забону фарҳангашонро ҳифз мекунанд.

Дар вилояти бостонии Самарқанд низ Маркази миллӣ - мадании тоҷикони Ӯзбекистон таъсис ёфта, ба он ҷавони боистеъоду ватандӯст Акбар Маҳмудов роҳбарӣ менамояд. Вай тавассути Марказ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ доир карда, дар таҳкими дӯстӣ миёни тоҷикон ва ӯзбекон нақши созгор мегузорад. Дар назди Маркази номбурда дӯкони фурӯши китобҳои тоҷикӣ таъсис ёфта, дар он китобҳои тозанашре, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чоп мешаванд, савдо мегардад. Дар дохили дӯкон қироатхона низ ташкил гардидааст, ки дӯстдорони китоб дар он ҷо ҷамъ омада, китобҳои навро мутолиа менамоянд ва суҳбатҳои адабӣ мегузаронанд.

Бояд таъкид кард, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, чопи китобу рисолаҳо ва нигаҳдории марказҳои мазкур аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ӯзбекистон маблағ, утоқи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, толорҳои хурду миёна ҷудо шудааст. Ҳамзамон дар буҷти Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Ҳукумати Ӯзбекистон грантҳо таъсис дода шудааст, ки марказҳои маданию фарҳангии миллатҳо метавонанд ҷиҳати дарёфти онҳо лоиҳа пешниҳод намоянд ва тавассути озмун соҳиби маблағҳои грантӣ шуда, аз ҳисоби онҳо чорабиниҳои фарҳангии хешро доир созанд ва китоб интишор намоянд. Марказҳои маданию фарҳангии тоҷикон дар вилоятҳо аз ҳисоби чунин грантҳо асарҳои адибони тоҷик ва ӯзбекро тарҷума, бознашр ва чоп карда, тадбирҳои дигарро низ ба роҳ мемонанд.

Ба қарибӣ дар доираи чунин маблағҳои грантӣ аз тарафи Маркази миллӣ – мадании тоҷикони вилояти Самарқанд китоби нависандаи ӯзбек Ӯткур Ҳошимов бо номи “Қайдҳо дар ҳошияи дафтар” дар тарҷумаи Аслиддин Қамарзода ба забони тоҷикӣ чоп шуда, дастраси хонандагон гардид. Маркази миллӣ – мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах (роҳбараш Абукарим Шарифзода) достони “Лайлӣ ва Маҷнун” - и Мир Алишер Навоиро дар тарҷумаи Ҷонибек Қувноқов аз чоп баровард ва Маркази миллӣ – мадании тоҷикони Бухоро (роҳбараш Абдурауф Авезов) барои ҳунармандони ансамбли рақсиву овозии “Мавригӣ” либосҳои зебову шинамро дӯзонида, куртаҳои тоҷикиро дар бисёри тадбирҳо муаррифӣ менамояд.

Дар Самарқанд инчунин китобҳои “Дарахти дӯстӣ” (бо ду забон -тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), маҷмӯаи мақолаҳои “Бӯстони меҳр” - и Муайяна Хӯҷава, драмаи “Падаркӯш” – и Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дар тарҷумаи Юнуси Имомназар, “Насиҳат гӯш кун, ҷоно” - и Парда Ҳамдӣ, “Ҳангомаҳои Донишдеҳ”-и Эркин Воҳидов дар тарҷумаи Асадулло Шукуров чоп шуда, дастраси хонандагони тоҷику ӯзбек гардиданд. Дар чопи ин китобҳо саҳми равшанфикрони барнодили Самарқанд зиёд мебошад.

Бо шарофати Истиқлол ва бо баракати сиёсати дурбинонаи ду сарвари давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дӯстона миёни зиёиён, олимон ва адибони ду кишвар таҳким ёфта, ба аҳли илму эҷод нафаси дуюм насиб шудааст. Онҳо дӯстиро тарғиб карда, дар жанрҳои мухталиф асарҳои пурмазмун таълиф карда истодаанд. Махсусан, дар Самарқанд чопи осори ниёгон ва адибони муосир хело хуб ба роҳ монда шуда, китобу маҷмӯаҳои адибони давраи Истиқлол муназзам интишор шуда истодааст. Дар дигар вилоятҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ чопи асарҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шуда, қисми зиёди онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат интишор мешаванд. Дар ин кори хайр соҳибкорон ва тадбиркорони тоҷики Ӯзбекистон ҳам мусоидат карда, барои чопи босифати китобҳо ва интишори онҳо маблағ ҷудо менамоянд.

Дар вилояти Самарқанд Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, ки ба чопи асарҳои адибони тоҷик мусоидат мекунад. Қисме аз осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ низ тарҷума ва нашр мешаванд. Бо ин восита мухлисони шеъру сухан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёд гардида, адибони ҷавоне, ки аз ҳама бештар ба адабиёт завқу шавқ доранд, рӯйи кор омада истодаанд.

Ба ғайр аз ин дар назди факултаи филология ва шарқшиносии Донишгоҳи давлати Самарқанд махфили адабӣ фаъолият мекунад, ки сарпарастии онро Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бар уҳда дошта, ашъори шоирон ва асрҳои насрии нависандагони ҷавонро мавриди баррасӣ қарор дода, беҳтаринҳояшро ба рӯзномаҳои вилоятӣ ва маҷмӯаҳои ҷудогона тавсия менамояд. Махфили мазкур бо Маркази миллию мадании тоҷикони вилоят робита дошта, дар чорабиниҳои фарҳангии он фаъолона ишитирок менамояд. Дар ин кори хайр саҳми профессорони тоҷик Ҷума Ҳамроҳ ва Аслиддин Қамарзода хело калон аст. Марказ инчунин дар муаррифии санъаткорони барҷастаи Самарқанд саҳм гузошта, маҳсули заҳмати рассомону ҳунармандонро ба намоиш мегузорад ва расму оинҳои мардуми тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ мекунад.

Дар доираи ҳамкориҳои Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо Маркази миллӣ ва бо саъю талоши шоири ҷавону соҳибзавқи тоҷик Асаддулло Исмоилзода шумораи аввалини маҷаллаи адбӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаҳои Шарқ” аз чоп баромад.

Ба ҳайати Шӯрои ҷамоатии ин маҷалла шахсиятҳои шинохта, олимон, санъатварон, адибону сиёсатмадорони тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз қабили Нусрат Раҳмат, Садрӣ Саъдӣ, Ҷумъа Ҳамроҳ, Паймон, Аслиддин Ҷамарзода, Ҷаъфари Муҳаммад, Фарҳод Исомиддинов, Таваккал Чориев, Олим Давлатов, Шерпӯлод Вакилов, Рамазон Абдуллоев, Тошпӯлод Туғалов, Баҳодур Раҳмонов, Муқимҷон Орифӣ, Фурқатҷон Ӯзоқов, Акбар Маҳмудов дохил шудаанд.

Ҳамзамон ба хотири ҷалби бештари дӯстдорони сухан аз ҳисоби равшанфикрон ва эҷодкорони вилоятҳои тоҷикнишин Шӯрои ҳамоҳангсоз интихоб гардидааст, ки ба ҳайати он аз шаҳри Тошкент Шоҳққаҳор Салимов, аз Фарғонаву Намангон Масъуди Мирзо, аз Ҷизахху Навоӣ Фарҳод Неъмат, аз вилояти Тошкент Абдуқаюми Ҳасанзод, аз вилояти Қашқадарё ӯзибой Қурбониён, аз вилояти Сурхондарё Ҷаъфари Муҳаммад, аз вилояти Бухоро Ғанӣ Умуров шомил шудаанд. Онҳо барои пурмазмун гардидани маҷалла аз маҳаллаҳо маводи мухталиф пешниҳод карда, чеҳраҳои навро ба хонандагон муаррифӣ менамоянд.

Сармуҳаррири маҷаллаи “Дурдонаҳои Шарқ” Асадулло Исмоилзода ва котиби масъул Хоҷа (Норхоҷа Чориев) таъйин гардидааст. Ҳамкорони ин маҷалла Шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд ва хонаи эҷодии таъбу нашри “Маҳорат” мебошанд. ҶММ “Бунёдкор авлод” муассиси маҷалла муқаррар шудааст. Маҷалла дар коғази 70Х108 чоп шуда, нархаш озод мебошад. Маҷаллаи “Дурдонаҳои Шарқ” дар Оҷонси ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди Админстратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон номнавис шуда, дар матбааи ҶММ “ELNUR- PRINT” аз чоп баромадааст. Нишонаи маҷалла шаҳри Самарқанд, кӯчаи Анҳор, хонаи 33 буда, дар телеграм бо номи @ Durdonai_Sharq ва почтаи электрониаш: Durdonai_Sharq@ mail.ru мебошад.

Дар саҳифаи аввали маҷаллаи “Дурдонаҳои Шарқ” сарсухани сармуҳаррир Асадуллоҳ Исмоилзода ҷойгир шудааст. Дар он муаллиф ба мардуми шарифи тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат карда, менависад:

“Эй ҳамватан, эй ҳамзабон! Эй ҳамдидаи беҳтар аз ҷон” Муждагонӣ диҳед!

Инак, орзуи деринтизори мо амалӣ гардид. Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол бори нахуст маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангие ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Рӯшанфикрони диёрамон солҳои зиёд ин орзуро дар дил мепарвариданд.

Боиси шодмонист, ки ин имконотро Ӯзбекистони нав ба мо ҳадя намуд. Давраи нави зиндагӣ ва эҷод дар Ӯзбекистон фаро расид.... Сарҳадҳо боз шуданд. Бахусус, дӯстии азалии ӯзбекон ва тоҷикон барқарор шуд. Ин ҷост, ки мардумонамон аз ин дилшоданд....

Бо мо бошед, то дурдонаҳои асили Шарқро ҷамъ оварем, аз он ҳам худ баҳравар гардем ва ҳам атрофиён манфиат баранд”

Дар муроҷиати сармуҳаррир муҳабабту самимият ба сиёсати имрӯзаи роҳбарияти олии кишвар баён шуда, оид ба таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек андешаҳои ҷолиб баён шудааст. Сарсухан бо ҳисси баланди ватантдӯстона, меҳру муҳаббат ба забону фарҳанг ва эҳтиром гузоштан ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, кутоҳ, вале пурмуҳтаво мебошад.

Дар саҳифаи сеюми маҷалла табрикоти ҳайати эҷодии ҳафтавори “Овози тоҷик” ва меҳрномаи узви иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Нусрат Раҳмат интишор шудааст. Дар табрикот шодии аҳли зиё ва равшанфикрони эҷодкор ишора шуда, ба ҳамаи тоҷикони Ӯзбекистон ин рӯйдоди фарҳангӣ муборакбод гардидааст.

Маҷалла бо саҳифаи “Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон дар давраи Истиқлол” оғоз мешвад. Дар он намунаи ашъори шоирони даврони Истиқлолият, аз ҷумла Ҷонибек Кувнок, Салим Кенҷа, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Акбар Пирӯзӣ, Абдуллоҳи Раҳмон, Паймон, Нормурод Каримзода, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Саидаи Синавӣ, Асад Гулзодаи Бухроӣ, Уғулой Ҷӯрабоева, Пайғом, Фозили Шукурзод, Неъматуллои Боғистонӣ, Шоҳимардони Валимуҳаммад, Баҳодури Убайдулло, Дилшоди Фарҳодзод, Хусрави Саъдулло, Дилафрӯз Муқимова, Парисо, Илҳом Эшонзодаи Насафӣ, Зарина Раҳматова, Расулбеки Аҳмадзод, Олим Панҷизода ҷой дода шудааст.

Аксари шоирон дар жанрҳои ғазал, рӯбоӣ, мураббаъ, чаҳорпора намунаи ашъори худро пешниҳод кардаанд. Онҳо дар интихоби мавзӯъ, тарзи тасвир, баёни андеша, корбасти вазну қофия ва тасвири ҳолату ҳиссиёти ботинии қаҳрамони ғиноӣ ба навҷӯиҳо ноил шуда, ҳолату вазъиятро хело хуб инъикос менамоянд. Масалан, дар ғазали Хусрави Саъдуло қудрату тавони инсон тасвир ёфта, соҳибҳиммату соҳибҳурмат будани ӯ ба таври содаву равон таҷассум шудааст:

Ҷаҳонеро дигаргун кард азми ҳиммати Инсон,

Бувад болотар аз ҳар ганҷи дунё қимати Инсон.

Зи боло файз меборад ба рӯйи ҳар хасу хораш,

Дар он мулке, ки медоранд поси ҳурмати Инсон.

Ба кишти одамӣ борону нури Шед мебахшад,

Замини осмон гӯё бувад дар хидмати Инсон.

Агарчи хушдилӣ ҷӯяд видои ғуссаҳо гӯяд,

Вале шодиву ғам бошад насиби ҳазрати Инсон.

Яке дар фикри ҷоҳ, аммо касе дигар даруни чоҳ,

Набояд аз назарҳо дур монад қисмати инсон.

На танҳо ин табиат, бал Худо ҳам дӯст медорад,

Бубинад хештанро лаҳзае дар сурати Инсон.

Дар ин ғазал шоир ба бозтоби сарнавишти инсон рӯ оварда, нақши ӯро дар пешрафти ҷамъият арзишманд медонад ва хислатҳои некашро ёдовар мешавад.

Дар ғазали “Ишқ медамад...” - и Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ бо завқи баланди шоирона мавзӯи ишқ тасвир шуда, ҳолату ҳиссиёти қаҳрамони ғиноӣ ҳунармандона инъикос ёфтааст. Шоир бо як хитобаи хос аз дарди ишқ хабар дода, вазъияти ошиқ ва зебоиҳои маъшуқаро бо диди нав бозтоб медиҳад ва чунин мегӯяд:

Эй дил зи ман рабудаи ман! Ишқ медамад!

Дилро зи ман зудудаи ман! Ишқ медамад!

Хоб аз ду дида бурдаи ман! Субҳ медамад!

Дар хоби хуш ғунудаи ман! Ишқ медамад!

Бо ларзише латифтар аз мавҷи боди субҳ,

Эй шавқи паркушудаи ман! Ишқ медамад.

Меҳмони қудс мерасад, эй дил, нисор кун,

Ҳар будаю набудаи ман! Ишқ медамад!

Эй дар вуҷуди худ сафари изтиробро,

Як шаб наёзмудаи ман! Ишқ медамад.

Ҷаъфар! Сабур бош, ки дар интиҳои шаб,

Бо шеъри нав сурудаи ман, Ишқ медамад!

Бояд гуфт, ки дар ашъори дигар шоирони тоҷики Ӯзбекистон ҳамин гуна тасвирҳои ҷолибро дидан мумкин аст. Ҳар як шоир бо диди хеш ба дунёи мураккаби инсон рӯ оварда, ҳолату ҳиссиёти ӯро бо маҳорат тасвир намудааст. Ин шоирон ба тасвири мавзӯи Ватан, эҳтиром забону фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо анъанаҳои неки халқи худ ифтихор менамоянд ва отифияту зебоии онро васф мезозанд.

Дар қисмати насри маҷалла ҳикояи фантастикии “Санги сарнавишт”- и Адаш Истад, ҳикояи “Ривояти охирин” - и Чоршанбеи Деҳнавӣ, суханрезаҳои Ҳикмати Султонзода ва “Лутфи бузургон” - и Уктам Иброҳим ҷой дода шудааст.

Махсусан, ҳикояи Адаш Истад ниҳоят ҷолиб буда, дар он тақдири ҷавоне, ки ба ояндааш ҷиддӣ муносибат намекунад, тасвир ёфтааст. Адиб ҳаёти персонажи марказии худро дар макони тахайюлӣ офарида, дурандеш набудани вайро бо маҳорати баланд инъикос менамояд. Забони ҳикоя ниҳоят пуробуранг буда, тавассути нақли ровӣ саргузашти ҷавони худхоҳ таҳкия мешавад.

Дар рубрикаи “Адабиёти мумтози форсии тоҷикӣ” якчанд ғазалу рӯбоиҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ ба таври намуна ҷой дода шудааст.

Дар қисмати “Адабиёти тасаввуфӣ” намунаҳо аз рӯбоиҳои Абдухолиқ Ғиждувонии Бухороӣ (Хоҷаи ҷаҳон) оварда шудааст. Ду рӯбоии мутафаккири бузург ба таври мисол пешниҳод мегардад:

Гар дар дилат аз касе шикоят бошад,

Дарди дили ту аз ӯ бағоят бошад.

Зинҳор ба интиқом машғул машав,

Бадро бадии хеш кифоят бошад.

Ё ки:

Чун мегузарад умр камозорӣ беҳ,

Чун медиҳадад даст, накукорӣ беҳ.

Чун киштаи хуб ба дасти худ медаравӣ,

Тухме, ки накӯтар аст, агр корӣ беҳ.

Дар аксари рӯбоиҳои ин орифи тавоно мавзӯи ахлоқи ҳамида дар ҷойи аввал гузошта шудааст. Шоир бо ин роҳ андешаҳои фалсафию ирфонии хешро ифода карда, инсонро ба хоксорӣ, фурӯтанӣ, таҳаммулгароӣ ва қаноатмандӣ даъват менамояд.

Дар рубрикаи “Эҷоди ҷавонон” асрҳои назмиву насрии адибони ҷавон, аз ҷумла ҳикояи “Бодбараки орзу”- и Фаридуни Фарҳодзод, ҳикояҳои кӯтоҳи “Олами ирфон -и Маликаи Бахтиёр ҷойгир шудааст. Аз ашъори шоирони ҷавони боистеъдод шеърҳои Сиёвӯши Қодирӣ (ноҳияи Сариосиё), Сарфароз (ноҳияи Сух), Фарсимои Фаридунзода (Самарқанд), Шаҳзод Кенҷазода (Самарқанд), Ҳасан Сулаймонӣ (ноҳияи Бука), Далершоҳ Неъматов (ноҳияи Узун), Асалой Сархатзода (Самарқанд), Ҳадисаи Шуҳрат (Ангрен), Зикрилло Зубайдзода (ноҳияи Китоб) ҷойгир шудаанд.

Дар маҷалла рубрикаи “Адабиёти навини Тоҷикистон” ҷойгир гардида, аз ашъори Низом Қосим, Фарзонаи Хуҷандӣ, Рустам Ваҳҳоб, Алимуҳамади Муродӣ, Абдуҷаббор Суруш намунаҳо оварда шудаанд. Масъулони маҷалла кӯшиш кардаанд, ки беҳтарин шеърҳои шоирони Тоҷикистонро интихоб намоянд ва онҳоро пешкаши хонандагони тоҷиктабори Ӯзбекистон намоянд. Чунончи, дар шеъри “Пешаи маҷмӯи мо” – и Низом Қосим қаҳрамони ғиноӣ эҳсосоту ҳисиёти хешро нисбат ба Ватани маҳбубаш чунин ифода менамояд:

Эй Ватан, дилбаставу бонанг фарзандат шудем,

Аз ҳавою аз ҳавас дил канда, дилбандат шудем.

Сад ҳазорон ҳамдилу ҳамҷон баҳам дар хидматем,

Ҳамдилу дилбастаи якрӯю садчандат шудем.

Дар маҷалла рубрикаҳои алоҳидаи “Адабиёти навини Эрон” ва “Адабиёти навини Афғонистон” ҷой дода шудааст ва аз ашъори Нимо Юшич, Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Восифи Бохтарӣ, Латифи Пидром, Партави Нодирӣ намунаҳои ин санъати воло ворид гардидааст. Аксарияти шоирони мазкур дар саргаҳи таҳаввулоти шеъри муосири форсиву дарӣ қарор дошта, сабки баён ва қолаби анъанавиро шикаста, бо навгониҳо ба дунёи адабиёти оламшумул ворид гардидаанд. Махсусан, Нимо Юшич бо шакли шеъри нимоӣ машҳур шуда, ин навъи шеър дар адабиёти тоҷик низ маъмул гардид ва аз устод Муъмин Қаноат сар карда, устодон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва бисёре дигарон ин сабки тасвирро пазируфтанд ва намунаҳои олии шеъри нимоиро эҷод карданд.

Шеъри “Маҳтоб” - Нимо Юшич беҳтарин намунаи шеъри тасвирӣ ё нимоӣ дар адабиёти форсӣ буда, бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад:

Метаровад маҳтоб,

Медурахшад шабтоб!

Нест як дам шиканад хоб

ба чашми касу лек

ғами ин хуфтае, чанд

хоб дар чашми тарам мешиканад!...

Дар маҷалла саҳифаи “Тарҷума” низ ҷойгир шуда, ҳикояи “Бойчечак” –и Абдусаид Кӯчимов (нависандаи ӯзбек), достони “Манас” – и Мар Байҷиев (адиби қирғиз), ҳикояи лирикии “Тани танҳо бо худам” – и Хосият Рустамова ( адибаи ӯзбек) роҳ ёфта, аз тарафи адибони тоҷик тарҷума шудаанд ва хело ҷолиб мебошанд.

Дар маҷалла рубрикаҳои “Робита”, “Адабиётшиносӣ”, “Забоншиносӣ”, “Нақди адабӣ” ҳам ҷойи худро ёфта, дар он як қатор мақола, пажӯҳиш ва нақду баррасии адабиётшиносону забоншиносони шинохта ворид шуда, ҳусни маҷалларо боз ҳам беҳтар кардаанд. Мақолаҳои “Достони ишқу дард” – и Олимҷон Давлатов, “Озодмарди хирадгустар” – и Анзурат Маликзод, “Тадқиқгари ғояҳои маърифатпарваронаи адабиёт” – и Суюн Карим ва Ҷумъа Ҳамроҳ, “Забон аст тору пуди маъанавият” – и Сабоҳат Маҷидова, “Чеҳраҳои намоёни адабиёти тоҷики Ӯзбекистон” – и Абдулқайюми Ҳасанзод аз беҳтарин пажӯҳиш ва нақду баррасӣ ба шумор мераванд.

Дар қисмати “Ҳаҷв” ҳаҷвияи Маҳбуба Турсунова “Танқид” ҷой дода шудааст.

Дар маҷалла инчунин рубрики “Китобиёт” роҳ ёфта, дар он ду мақола, яке “Тазкираи адибони сарзамини шоирхез” -и Умеда Каримова ва дигаре “Китобҳои тозанашр” -и Асадой Сархатзода ҷой гирифтаанд. Дар мақолаи якум сухан дар бораи тазкираи Иброҳими Наққош “Суханварони Заравшон”, ки аз тарафи нашриёти “Ирфон” дар Тоҷикистон чоп шудааст, изҳори назар меравад ва онро муаллиф тазкираи ниҳоят муфид барои дӯстдорони сухан медонад. Дар китобиёти дуюм оид ба чопи китобҳои наве, ки адибони тоҷик дар Ӯзбекистон интишор кардаанд, маълмот омадаст.

Муқоваи маҷаллаи “Дурдонаҳои Шарқ” низ бо завқи баланд ороиш дода шудааст. Дар рӯйи муқова кори рассоми Самарқанд Алибек Раҳмон “Дарахти ҳаёт” бо шакли ранга ҷой дода шудааст, ки таърихи ин шаҳри куҳанро бо фарҳанги бойяш фаро мегирад. Дар дохили муқова акси сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Самарқандӣ бо рӯбоии машҳури ӯ ҷойгир шудааст:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад – он чашм к – андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст, в – аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад – он гузарӣ”

Дар дохили муқоваи пушти маҷалла акси сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо рӯбоии зерин оварда шудааст:

Саъйе бинамову илму одоб,

Беҳтар зи шарики хеш дарёб.

То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,

Бо донишу ботамиз бошӣ.

Дар паси муқоваи пушти маҷалла Хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” таблиғ шудааст ва корҳое, ки ин муассиса ба анҷом мерасонад, таъкид гардидааст.

Дар ҳақиқат, маҷаллаи тозанашри “Дурдонаҳои Шарқ” дар қатори беҳтарин маҷаллаҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ворид шуда, барои дӯстдорони каломи бадеъ тӯҳфаи муносиб ва шоиста ба ҳисоб меравад.

Бовар дорем, ки интишори ин маҷалла имкон медиҳад, ки адабиёти бостонии тоҷикӣ - форсӣ боз ҳам бештар тарғиб гардад ва забону адбиёти тоҷик нерӯи нав гирифта, ба комёбиҳои назаррас ноил гардад.

Маҷаллаи “Дурдонаҳои Шарқ” дар оянда ҷиҳати таҳкими дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек нақши барҷаста бозида, ба равобити адабии ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамояд.

 

Абдуҷаббор Раҳмонзода

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳури Ӯзбекистон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg