Иштироки Сафири Тоҷикистон дар муҳокимаи лоиҳаи филми мустанади “ Ҷомӣ ва Навоӣ”

13.04.2022 17:49

Рӯзи 13 апрели соли 2022 дар бинои “Узбеккино” бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Директори генералии “Узбеккино” Ф. Абдухолиқов ва дигар коршиносон муҳокимаи консепсияи филми ҳунарии таърихӣ дар бораи дӯстии “Ҷомӣ ва Навоӣ” доир гардид.

Нахуст, консепсияи мазкур дар шакли видеоролик пешкаш гардида, баъдан аз ҷониби коршиносон муҳокима гардид. Зимни муҳокимаи консепсия Сафир А. Раҳмонзода як чанд пешниҳоди худро ҷиҳати боз ҳам ҷаззоб шудани филми мазкур иброз намуд.

Қарор шуд, ки рӯзҳои наздик ҷиҳати баррасии лоиҳаи ниҳоӣ коршиносони ду кишвар ҷамъ омада, назару андешаҳои худро баён менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки таҳияи филми мазкур аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 пешниҳод гардида буд.

Возможно, это изображение (3 человека, люди сидят, мебель и в помещении)

Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят и в помещении)

Возможно, это изображение (3 человека, мебель, экран и в помещении)

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, люди сидят, костюм, офис и в помещении)

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg