Вохӯрӣ бо Раёсати Шӯрои донишҷӯёни Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

12.04.2022 17:51

Рӯзи 12 апрели соли 2022 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии Сафир А.Раҳмонзода бо ҳайати Раёсати Шӯрои навтаъсиси донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд доир шуд.

Зимни вохӯрӣ Сафир донишҷӯёнро бо Низомномаи Шӯро, ки моҳи гузашта аз ҷониби Сафорат бо мақсади муттаҳидсозӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику ӯзбек, эҳтиром гузоштан ба қонунҳои кишвари иқомат, таъсис дода шуда буд, шинос намуд.

Дар фарҷом А. Раҳмонзода ба ҳайати Раёсати Шӯро барори кор ва комёбиҳо таманно кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg