Сафари корӣ ба вилояти Самарқанд

14.04.2022 14:40

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзҳои 14-15 апрели соли 2022 ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.

Ҳангоми сафар, Сафир дар ярмаркаи саноатӣ бо намоиши имкониятҳои сайёҳӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, мебелсозӣ, саноати электротехникӣ ва қолинбофӣ, ки дар Маркази намоишии "Sof Expo Samarkand"-и ноҳияи Ҷонбойи вилояти Самарқанд баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар Маркази намоишгоҳи "Sof Expo Samarkand" мулоқоти Сафир бо Ёвари Ҳокими вилояти Самарқанд оид ба рушди саноати маҳаллӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Нозир Ибрагимов доир гардид. Зимни сӯҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои вилояти Самарқанд ва вилоятҳои Тоҷикистонро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, саноат, сайёҳӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти сафар, А. Раҳмонзода инчунин дар Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ дар чорабинии адабӣ-маърифатӣ бахшида ба 144-умин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд зикр кард, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси рӯзномаи "Овози Самарқанд" ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Самарқанд ва тоҷикзабонони вилоятҳои кишвар баргузор гардида, дар он шоирон ва нависандагон, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, донишҷӯён, хонандагони мактабҳои миёнаи вилоят ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Возможно, это изображение 4 человека, люди стоят, костюм и в помещении

Возможно, это изображение 2 человека, люди стоят и текст «SAMARQAND VILOYATIHOIMG узбекистон уи республикаси электрон кооперация портали самарканд худудий тармоклараро саноат я маркаси PROM PR 2022 EXPO SAMARKAND SOF PROM PRO EXPo2022 OF samarkand.uz хокимиятобласти YOKMN»

Возможно, это изображение 5 человек и люди стоят

Возможно, это изображение 5 человек и люди стоят

Возможно, это изображение 11 человек, люди стоят, на открытом воздухе и дерево

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg