Рӯзи 4 майи соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Мусоев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар самти тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин тарафҳо доир ба бозомӯзии мутахассисони Тоҷикистон дар муассисаҳои муосири тиббии Ӯзбекистон дар самтҳои вирусология, микробиология, эпидемиология, иммунология, таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ ва рушди сайёҳии тиббӣ, баргузор намудани Рӯзҳои тиббии Ӯзбекистон дар ш. Душанбе ва таҳия ва ба имзо расонидани “Харитаи роҳ” миёни ду вазорат изҳори назар карданд.