Рӯзи 5 майи соли ҷорӣ дар толори Маркази миллии матбуоти Ӯзбекистон маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон инчунин маросими супоридани шаҳодатномаҳои шаш нафар рӯзномнигорони варзидари Ӯзбекистон, ки бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон пазируфта шуданд, баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷҷабор Раҳмонзода, Раиси Иттифоқи эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон Олимҷон Усаров, Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Зинатулло Исмоизода ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок карданд.
Зимни чорабинӣ раисони Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, аҳамияти санади мазкурро барои тақвият бахшидани робитаҳои эҷодӣ миёни рӯзноманигорони ду кишвар муҳимм арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Ёддошти зикршуда барои ҳамкориҳо дар самти табодули иттилооти саҳеҳу дуруст, назик намудани робитаҳои рӯзноманигорони ду кишвар ва ташкил намудани таҷрибаомӯзии журналистон дар кишварҳои якдигар мусоидат хоҳад кард.
Сипас, Раиси Иттифоқи эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон О. Усаров суханро ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дод. Сафир ба имзорасии санади мазкурро дар самти мустаҳакам намудани робитаҳои эҷодиву фарҳангии ду кишвар фоли неки номида, роҳбарони ду ниҳоди эҷодӣ, аҳли қалам ва рӯзноманигорони тоҷику ӯзбекро ба ин муносибат табрик намуд. Инчунин қайд кард, ки бешубҳа тавоффуқи бадастомада миёни ду ниҳоди эҷодӣ, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши робитаҳо дар самти таблиғи дастовардҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамояд.
Дар интиҳои маросим тақдими шаҳодатномаҳои шаш нафар рӯзноманигори варзидаи Ӯзбекистон, ки бо ташаббуси Сафорат ба узвияти Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон қабул шуданд, аз ҷумла Матлюба Одинаева, Шарофат Эрметова, Фаридун Юлдашев, Олим Ҷумъақулов, Шоҳқаҳор Салимов ва Шаҳло Аҳророва баргузор шуд.