Маҳфили адабии “Насими Дӯстӣ” ва маросими супоридани шаҳодатномаҳои узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистону Ӯзбекистон

05.05.2022 17:25

Рӯзи 5 майи соли 2022 дар бинои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Маркази миллӣ-мадании тоҷикони Ӯзбекистон ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳфили адабӣ таҳти унвони «Насими дустӣ» доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, мудири Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо, шоирону нависандагон ва санъаткорони тоҷику ӯзбек, донишҷӯён ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтиттоҳӣ Сироҷиддин Сайид қайд намуд, ки робитаҳои адабии халкҳои тоҷику ӯзбек дар асоси анъанаҳои неки бародарона ва дӯстона таҳким ёфтаанд. Ӯ гуфт, ки ин ду халқро муносибати ду шахсияти бузург – Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ боз ҳам наздик карда, муносибати некбинонаи онҳо боиси устувор гардидани ҳамкориҳои илмиву адабӣ миёни ин халқҳои ҳамҷавор гардидааст. Инчунин робитаҳои дӯстонаи С. Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ғафур Ғулом, Ойбек, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Абдулло Қаҳҳор, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳмат Файзӣ, Мирсаид Миршакар ва дигарон дар густариши дӯстии адабии ду халқ нақши сазовор гузоштааст.

Дар баромади худ Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз намуд, ки дар Ӯзбекистон баробари адабиёти ӯзбек адабиёти тоҷик низ рушд намуда, решаҳои амиқи таърихӣ дорад.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Э. Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев дар кишвари ҳамсоя забони тоҷикӣ дар мактабҳо таълим дода мешавад.

Инчуни китобҳои дарсӣ, асарҳои илмӣ ва адабӣ дар ду кишвар ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ интишор мешаванд.

Бархе аз адибони тоҷиктабори Ӯзбекистон, аз ҷумла Асад Гулзодаи Бухороӣ, Аслиддин Қамарзода, Адаш Истад, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Паймон, Абдуллоҳ Солеҳ, Муҳаммадҷон Шодӣ, Чоршанбеи Деҳнавӣ ва Саидаи Синавӣ на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар кишварҳои Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва хориҷ аз он шинохта шудаанд.

Дар идома Сафир қайд намуд, ки дар партави сиёсатҳои дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ташкил гардидани бахши адабиёти тоҷикӣ дар Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, ба узвияти Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудани як гурӯҳ адибони тоҷики Ӯзбекистон, бо ибтикори Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд таъсис ёфтани маҷаллаи илмӣ-адабии “Дурдонаи Шарқ” беҳтарин намунаи дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамкории халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад.

А. Раҳмонзода иброз намуд, ки имрӯз бо ташаббуси Сафорат ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таърихи равобити дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамкориҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек аввалин бор дар таърихи Истиқлолияти ду кишвар ба таври гурӯҳӣ чанд нафар аз адибони маъруфи тоҷикзабони Ӯзбекистон, аз ҷумла Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Муҳаммадҷон Шодӣ, Абдулло Субҳон ва Юнус Имомназар ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд ва дар чорабинии имрӯза Шаҳодатномаи узивият аз ҷониби намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон А. Раҳнамо бо тантана ба онҳо тақдим мегардад. Ҳамзамон ба ду нафар адибони тоҷик аз ш. Хуҷанд–Ҷамшед Примов ва Уринбой Усманов Шаҳодатномаи узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон супурда мешавад. Ҳамчунин қайд гардид, ки маҳфили имрӯза ба вусъат бахшидани робитаҳои минбаъдаи адабии ду халқ роҳ мекушояд.

Дар идома мудири Шӯъбаи робитаҳои байналмилаии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон А. Раҳнамо, донишманд ва адиби Самарқандӣ А. Қамарзода ва дигар адибону шоирон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Возможно, это изображение 1 человек, стоит и текст «хуш келибсиз! хуш омадед! Ðа ba махфили адабии насими дусти»

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

Возможно, это изображение 4 человека, люди сидят и люди стоят

Возможно, это изображение 3 человека

Возможно, это изображение 1 человек, сидит, стоит и в помещенииВозможно, это изображение 6 человек, люди стоят, в помещении и текст «S OMAMA 1 buyuk kelajagimiz, buyuk adaoi san atimiz ham albatta bo Shav Respubli O'zb»Возможно, это изображение 7 человек и люди стоят

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg