Мулоқоти Сафир бо маҳбусони Тоҷикистон дар арафаи Иди сайиди Фитр

30.04.2022 14:59

Рӯзи 30 апрели соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо мақсади шиносоӣ аз аҳволи маҳбусони тоҷик ва табрикашон ба муносибати Иди сайиди Фитр ба Сарраёсати вилоятии иҷрои ҷазои ҷиноии № 42-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.

Дар оғози суҳбат Сафир маҳбусонро ба муносибати фарорасии Иди сайиди Фитр табрик намуда, ба онҳо сиҳативу саломатӣ ва сабру бурдборӣ таманно намуд.

Дар идома, А. Раҳмонзода оид ба робитаҳои неку дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва пешравиҳои ду кишвар дар самти иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин иқдоми созандаи сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ш. Мирзиёев суханронӣ кард. Инчунин таъкид намуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом ҳолате, ки набошанд қонуну қойидаҳои кишвари иқоматро бояд эҳтиром ва риоя намоянд.

Зимни мулоқот миёни Сафир ва маҳбусони тоҷик роҷеъ ба масъалаи мавриди назар саволу ҷавоб сурат гирифта, ба онҳо посухҳо ва роҳнамоиҳои мушаххас дода шуд.

Дар интиҳои суҳбат маҳбусон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафир барои таваҷҷуҳ ва аёдати онҳо изҳори миннатдорӣ карданд.

Ҳамчунин ба хотири иҷро намудани амалҳои инсондӯстона ба ашхоси эҳтиёҷманд аз ҷониби Сафорат кумакҳои хайриявӣ аз қабили орд, равғон, биринҷ, картошка, сабзӣ, обҳои ташнашикан, шакар, ширинӣ ва дигар маводи ниёз тақдим гардид. Аз ин ҳисоб барои онҳо дар Рузи айём зиёфати идона тақдим мешавад. Маҳбусон инчунин ба роҳбарияти зиндон барои шароити хуб муҳайё карданашон изҳори сипос карданд. Суҳбат самимӣ ва дӯстона ба анҷом расид.

Возможно, это изображение 1 человек, стоит и в помещении

Возможно, это изображение 8 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 7 человек, люди сидят, люди стоят, платок и в помещении

Возможно, это изображение 2 человека, книга и в помещении

Возможно, это изображение 6 человек, люди стоят, на открытом воздухе и текст «ETON FIDO JONIM SENGA»

Возможно, это изображение еда

Возможно, это изображение 8 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 9 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 6 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 8 человек и в помещении

Возможно, это изображение 2 человека и в помещении

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg