Иштироки Сафири Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ оид ба таҳияи филми “ Ҷомӣ ва Навоӣ”

29.04.2022 20:06

Рӯзи 29 апрели соли 2022 дар бинои “Ӯзбеккино” ҷиҳати баррасии лоиҳаи филми таърихиву бадеии “Ҷомӣ ва Навоӣ” нишасти матбуотии маҷозӣ ва ҳузурӣ бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Директори генералии “Ӯзбеккино” Ф. Абдухолиқов, Директори МД “Тоҷикфилм” М. Шоҳиён, муовини директори “Тоҷикфилм Т. Раҳматуллоев, коршиносони соҳаи филмсозӣ олимон ва намояндагони ВАО ҳар ду кишвар доир гардид.

Директори генералии “Узбеккино” Ф. Абдухолиқов, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Директори МД “Тоҷикфилм” М. Шоҳиён, раисони иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – С. Ҳақдод ва М. Матчанов суханронӣ намуда, аз заҳмату талошҳои коршиносону олимони тоҷику ӯзбек, ки дар тӯли тақрибан даҳ моҳ дар таҳияи ин лоиҳа кор карданд, изҳори ташаккур намуданд. Мутахассисони соҳа бошад, барои беҳтар гардидани мазмуни он пешниҳодҳои муфид манзур карданд.

Дар ин муддат миёни коршиносон ва филмсозони ду кишвар шаш ҷаласаи маҷозӣ ва чаҳор ҷаласаи ҳузурӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шудааст ва ҷиҳати таҳияи филмнома, беш аз ҳазор сарчамшаҳои илмӣ-таърихӣ истифода шудаанд. Инчунин дар назар аст, ки дар барорбари ҳунармандони ду кишвар дар филми мазкур ситораҳои машҳури синамои ҷаҳонӣ нақшофаринӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки таҳияи филми мазкур дар асоси дастури ду Сарвари давлат–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ш. Мирзиёев наворбардорӣ мешавад.

Возможно, это изображение 8 человек, люди сидят и в помещении

Возможно, это изображение 8 человек, люди стоят и люди сидят

Возможно, это изображение 9 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении

Возможно, это изображение 11 человек, люди стоят и люди сидят

Возможно, это изображение 10 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 7 человек, люди сидят и люди стоят

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg