Рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ – иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. Норов доир гардид.
Дар оғози суҳбат А. Раҳмонзода В.Норовро ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи муовини якуми Вазир –иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти пурмасъуляташон бурдбориҳо орзу намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи равобити байни ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, ва ғайра иброз намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи санадҳои баимзорасида, аз ҷумла оид ба густариш ва тавсияи ҳамкориҳо дар самти кооператсияи саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, изҳори назар гардид.
Инчунин, масъалаи дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи октябри соли 2022 дар назар аст, муҳокима гардид.
Суҳбат дар фазои дӯстонаю бародарона ва таҳкими ҳар чи бештари ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ баргузор гардид.