Рӯзи 11 майи соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикстон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Бунёди байналмилалии ҷамъиятии А. Навоӣ Олимҷон Давлатов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ густариши ҳамкориҳои илмиву адабӣ, аз ҷумла омӯзиш бознашр, тарҷума ва чопи осори бузургтарин нобиғаҳои асри XV – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мусоҳибон инчунин ҷиҳати тарҷумаи достонҳои “Хамса”-и Навоӣ ба тоҷикӣ изҳори ақида карда, маблағгузорӣ ва интишори босифати онҳоро ҷониби Ӯзбекистон дастгирӣ намуд.
Ҳамчунин тарафҳо дар доираи 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил намудани конфронсҳои байналмилалии ҷомихонӣ дар ш. Тошканд ва навоихонӣ дар ш. Душанберо ба манфиати кор донистанд.