Вохӯрӣ бо Раиси ҷамъияти саҳомии “Узкимиёсаноат”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

11.05.2022 19:37

Рӯзи 11 майи соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Раиси ҷамъияти саҳомии “Узкимиёсаноат”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. Мирзомаҳмудов доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни “Узкимиёсаноат” ва ширкатҳои тоҷикистонӣ изҳори назар намуданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ва дар ин замина таъмини нуриҳои минералӣ ба бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ А. Раҳмонзода миннатдории худро барои дастгирии ҷамъияти саҳомии “Узкимиёсаноат” ва таъмини маҳсулоти кимиёвӣ барои эҳтиёҷоти истехсолии корхонаҳои саноатии Тоҷикистон баён намуд.

Возможно, это изображение 2 человека, люди стоят, костюм и в помещении

Возможно, это изображение 2 человека, люди стоят, костюм и в помещении

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg