Рӯзи 12 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ба муносибати 12 май – Рӯзи Шашмақом, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ таҷлил мешавад, барномаи консертии «Пули дӯстӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳунармандони номдор, арбобони маъруфи санъат, устодон, донишҷӯён ва мухлисони асили мақом ширкат доштанд. Қабл аз чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мусиқишиноси машҳур Абдувалӣ Абдурашидов, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон Азизҷон Зокиров, Директори Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон Соибҷон Бегматов ва ҳунарманди маъруф аз ИМА Рошел Рубинов дар бораи дӯстии абадии халқҳои тоҷику ӯзбек ва муштаракоти санъату фарҳанги ду миллат суханронӣ карданд.
Дар чорабинӣ беҳтарин намунаҳои мусиқии классикии халқҳои тоҷику ӯзбекро устодону донишҷӯёни Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ иҷро карданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи чорабинӣ Сафир А. Раҳмонзода бо Роҳбарияти Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ва Роҳбари Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда мулоқот намуд. Илова бар ин, Сафир аз фаъолияти Донишкадаи миллии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ва имкониятҳои он шинос шуда, аз осорхонаи академик Юнус Раҷабӣ дидан намуданд. Қобили зикр аст, ки дар донишкадаи мазкур ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.