Вохӯрӣ бо Раиси Академияи рассомони Ӯзбекистон

12.05.2022 20:27

Рӯзи 12 майи соли 2022 вохӯрии Сафир Ҷумҳурии Тоҷикстон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Академия рассомони Ӯзбекистон Акмал Нуриддинов доир гардид.

Дар мулоқот рушди ҳамкориҳо дар соҳаи санъати тасвирӣ инчунин баргузор намудани намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, ки қарор аст нимаи дуюми моҳи май соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ташаббуси Сафорат, Академияи мусаввирони Тоҷикистон, Академияи рассомони Ӯзбекистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон баргузор шавад муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин тарафҳо ҷиҳати ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ минёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Аакадемияи рассомони Ӯзбекистон дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур ба мувофиқа расиданд.

Возможно, это изображение 2 человека, люди стоят, в помещении и текст «PRO»

Возможно, это изображение 2 человека, люди стоят, люди сидят и в помещении

Возможно, это изображение 2 человека, люди сидят и в помещении

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg