Мулоқоти Сафир бо ҷавонони Тоҷикистон

19.05.2022 23:06

Дар доираи форуми ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд рӯзи 19 майи соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам ва гурӯҳи иборат аз 30 нафар ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Сафир А. Раҳмонзода намояндагони Кумита ва дар симои онҳо кулли ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоисат ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳатӣ, комёбӣ ва хушбахтӣ таманно намуд.

А. Раҳмонзода доир ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон дар замони муосир, дар бораи ислоҳоту барномаҳои татбиқшаванда, ки ба таҳкими нақши институтҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, инчунин роҷеъ ба сиёсати Тоҷикистон дар самти ҷавонон ва тадбирҳои амалишавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё сохтани шароит барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа суханронӣ намуд.

Ҳамчунин Сафир барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 изҳори назар намуданд.

Дар навбати худ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ҷавонон ва аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавон андешаҳои судманд баён намуд.

Дар интиҳои суҳбат ҷавонон аз талошҳо ва ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба онҳо изҳори ақида карданд.

Возможно, это изображение 4 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 4 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 2 человека, люди сидят и в помещении

Возможно, это изображение 8 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 6 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 13 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 7 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg