Иштирок ва суханронӣ дар чорабинии бахшида ба 81-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ

19.05.2022 23:11

Рӯзи 19 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон бахшида ба 81-солагии зодрӯзи барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва тақдимоти китобҳои Мирзо Турсунзода “Чароғи абадӣ”, Лоиқ Шералӣ “Ман намемирам” ва Паймон “Шабогард” (аз силсилаи китобҳои ба нақшагирифтаи марказ – “Накҳати сухан”) чорабинии бошукуҳи маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамбек Қурбонов, Лоиқзода Диловар (фарзанд Лоиқ Шералӣ), Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, роҳбарони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, инчунин намояндагони илм, зиёиён, олимони адабиётшинос ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Чорабиниро Раиси Маркази милли-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова ифтитоҳ карда, ҳозиринро хайра мақдам гуфт ва суханро ба Раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамбек Қурбонов дод. Мавсуф дар бораи робитаҳои дӯстиву бародарӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон андешаронӣ карда, иброз дошт, ки дар Ӯзбекистон беш аз 130 қавму миллатҳо умр ба сар мебаранд. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ба масъалаҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Аз ҷумла, ба тоҷикон, ки нуфузи зиёде доранд, аз ин гуна ғамхориҳо дар канор нестанд. Бо ҳамин мақсад пойгоҳи моддӣ ва шароити кории Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон пурқувват гардонида шуд. Барои ба мактабҳои олӣ даромадани хонандагони синфҳои тоҷикӣ имтиҳонҳои тестӣ ҷорӣ хоҳад гашт. Ҷиҳати беҳбудии вазъи иқтисодиву маънавӣ ва чопи рӯзномаи “Овози тоҷик” доимо чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар баромади худ оид ба мавқеву мақоми Лоиқ Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик изҳори назар карда, қайд намуд, ки ҳамаи комёбиҳои имрӯза ба шарофати ғамхориҳои сарварони ду кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев насиби мо гардидааст. Ҳамкориҳои ду миллати бо ҳам дӯсту бародар аз азал вуҷуд дошт ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самту соҳаҳо боз тақвият ёфта истодаанд.

Писари Лоиқ Шералӣ– Диловар Лоиқзода дар бораи ин гуна арҷгузорӣ ба падараш изҳори сипос намуда, чанд китоб ва тӯфаҳои нодирро ба роҳбари Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон тақдим намуд.

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

Возможно, это изображение 2 человека, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 2 человека, люди сидят, люди стоят и книга

Возможно, это изображение 10 человек, люди стоят, в помещении и текст «MAH намемирам абадй чароги»

Возможно, это изображение 15 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 6 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg