Намоиши рассомони Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

21.05.2022 23:17

Рӯзи 21 майи соли 2022 бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори “Хонаи аксҳои Тошканд” бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи рассомони Ӯзбекистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов намоишгоҳи рассомони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, ходимони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, донишҷӯёни тоҷик, рассомони номӣ, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ иштирок карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода намоишгоҳро ифтитоҳ намуда, аз роҳбарияти Академияи рассомони Ӯзбекистон, Иттифоқи эҷодии рассомони Ӯзбекистон ва дигар ниҳодҳое, ки ҷиҳати баргузор шудани намоишгоҳи мазкур бо Сафорат ҳамкорӣ намуданд, изҳори ташаккур намуд. Ҳамзамон аз иштирокдорон барои ташрифашон ба чорабинӣ сипосгузорӣ кард.

Дар идома иброз дошт, ки намоишгоҳи мазкур бахшида ба 30 солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил карда шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои рассомони ду кишвар мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон қайд кард, ки бо ташаббуси ду Роҳбари оқилу дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самту соҳаҳо рушд карда истодаанд.

Сипас, Раиси Академияи рассомони Ӯзбекистон А. Нуриддинов, Раиси Иттифоқм рассомони Тоҷикистон Н. Ҳамидова суханронӣ намуда, аз ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати баргузор кардани намоишгоҳи рассомони Тоҷикистон дар ш. Тошканд сипосгузорӣ намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик ба мисли Сабзалӣ Шарипов, Сайфудинов Анваршо, Холов Мизроб, Собиров Зокир, Довутов Зиёратшо, Юсупов Ахмед, Рабизода Олим, Сафаров Аҳтам, Одиназода Бахтиёр, Ҳамидова Наргис, Нарзибеков Носирбек ва дигарон ба маъзари тамошо гузошта шуд.

Намоишгоҳ ба худ таваҷҷӯҳи зиёдро ҷалб намуд ва аз ҷониби иштирокдорон мусбат арзёбӣ гардид.

Боиси қайд аст, ки дар ҳошияи намоишгоҳ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои рассомони Тоҷикистону Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи рассомони Тоҷкистон ва Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон ба имзо расид.

Намоишгоҳи рассомони Тоҷикистон дар “Хонаи аксҳои Тошканд” то 25 майи соли 2022 идома хоҳад ёфт.

Худи ҳамон рӯз дар Корвонсаройи байналмилалии фарҳангӣ ба номи “Икуо Хираяма” бо ибтикори Сафорат, Академияи рассомони Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон бахшида ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳи намоиши асарҳои рассоми тоҷиктабор, зодаи деҳаи Чодаки вилояти Намонгони Ӯзбекистон, узви Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон Эвадулло Абдуллоев доир гардид.

Намоишгоҳи мазкурро Сафир А. Раҳмонзода ва Раиси Академияи рассомони Ӯзбекистон А. Нуриддинов ифтитоҳ намуданд.

Ҳамзамон ба хотири шиносоӣ ба лабараторияи эҷодии рассомон ҳайати меҳмонон ва Сафир аз устохонаи эҷодии рассоми шинохта, Раиси Иттифоқи эҷодии рассомони Узбекистон Валхоҷаев Иброҳим Мутааллиевич дидан намуданд.

Чорабиниҳои мазкур бори аввал дар ин сатҳ дар пойтахти кишвари ҳамсоя доир гардида, саҳифаи нав дар рушди ҳамкориҳои рассомони ду мамлакат мебошад.

Возможно, это изображение 7 человек и люди стоят

Возможно, это изображение 9 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 6 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 10 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 3 человека и люди стоят

Возможно, это изображение 9 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 13 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 7 человек и люди стоят

Возможно, это изображение 2 человека и в помещении

Возможно, это изображение 9 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это художественное изображение (4 человека, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение 6 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это художественное изображение (3 человека и люди стоят)

Возможно, это изображение 10 человек и люди стоят

Возможно, это изображение 13 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 4 человека и люди стоят

Возможно, это изображение 10 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg