Рӯзҳои 13-14 майи соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо мақсади муарифии зарфиятҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ, инчунин баррасии масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпокистони Ҷумҳуриии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Нукус вохӯрии Сафир бо Раиси Шӯрои Вазирон Сариев Қаҳраман Раматуллаевич ва муовини раиси Шӯрои Вазирон, Вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпоқистон Ҳабибулоев Бахиҷон Сагидуллоевич баргузор гардид. Зимни нишаст ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қароқолпақистонро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, саноат, энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, инчунин сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи сафар Сафир ҳамчунин аз фаъолияти ширкатҳои саноатии “IMZO”, “Technic Globe”, “Sibu”, корхонаи истеҳсоли тачҳизоти тиббии “Nukus Med Tex”, “Kanteks Invest”-и ноҳияи Канликол, “Shomanay ECOTEKS”-и ноҳияи Шуманай ва дигар иншоотҳои саноатӣ дидан карданд.
Сафир дар ноҳияи Муйнак ба вазъи экологии Баҳри Арал, ки ба ҳолати имрӯза хушкшавии он аз соҳил дар масоҳати 160 киллометр ба қайд гирифта шудааст, шиносоӣ пайдо карданд.