Сафари корӣ ба вилояти Хоразм

25.05.2022 22:22

Рӯзҳои 24-25 майи соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо мақсади муарифии зарфиятҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ, инчунин баррасии масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба вилояти Хоразми Ҷумҳуриии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.

Дар шаҳри Ургенч вохӯрии Сафир бо ҳокими вилояти Хоразм Ф.Эрманов, раиси шаҳри Ургенч О. Холбоев ва дигар масъулони сохторҳои давлатӣ баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро миёни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хоразми Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти иқтисодиёт, саноат, энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи сафар Сафир ҳамчунин аз фаъолияти ширкатҳои саноатии «IT Park», «Uztex Urganch», «Matbaa paper», «UzXMG», «Kat kala textile», «Хива гиламлари» ва дигар иншоотҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ дидан карданд.

Ҳамчунин Сафир аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла осорхонаи «Ичан қалъа» воқеъ дар шаҳри Хива ва мактаби омодакунии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба номи «Ал Хоразмӣ» дар ноҳияи Шовот шиносоӣ пайдо карданд.

Возможно, это изображение 2 человека

Возможно, это изображение 6 человек и люди стоят

Возможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 7 человек, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят и в помещении

Возможно, это изображение 1 человек, стоит и в помещении

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg