ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАД. Мулоҳизаҳои Сафири ҶТ дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳошияи сафари расмии қарибулвуқӯи Пешвои миллат ба ҶУ

31.05.2022 10:47

Emomali-Rahmon-i-SHavkat-Mirziyoev2.jpgДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон дар назар буда, дар доираи он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ хоҳад шуд ва равобити дӯстона таҳким хоҳад ёфт. Дар доираи ин сафар ҳамчунин вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар робита ба сафари расмии қарибулвуқӯи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА ворид гардид, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем:

aksi-Safir_thumb.jpg— Дӯстии халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дошта, ин ду халқи ҳамсоя асрҳо дар қаламрави воҳид умр ба сар бурда, шарики ғаму шодии ҳамдигар гардидаанд. Ин анъанаи нек дар замони соҳибистиқлолии кишварҳоямон идома ёфта, муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон моҳи октябри соли 1992 аз нав барқарор гардиданд, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ сӣ сол сипарӣ мешавад. Имрӯзҳо дар ҳар ду кишвар ба муносибати барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ чорабиниҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки онҳо дӯстиву бародарии халқҳои тоҷик ва ӯзбекро боз ҳам таҳким мебахшанд. Ҳамзамон таъкид боя кард, ки дар кишвари маҳбубамон омодагӣ ба таҷлили 30 солагии Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХV1 Шӯрои Олии Ҷумурии Тоҷикистон оғоз шуда, дар ин самт корҳои тарғиботӣ аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ шуруъ шудааст ва боварӣ дорем, ки он дар сатҳи баланд доир мегардад.

Бояд гуфт, ки дар барқарор кардани муносибатҳои дӯстона сайъю кӯшиши ду сарвари давалат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ниҳоят бузург мебошад. Онҳо ба хотири таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо ҳам мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, мушкилоти ҷойдоштаро аз миён бардошта, роҳи мусолиматомези рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро омили муҳимми пешрафти ҳар ду кишвар эълон карданд ва барои амалӣ шудани онҳо иқдомҳои ватандӯстонаро пеш гирифта, барои уствор кардани дастовардҳои таърихӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуданд.

Бо ҳамин мақсад Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 ба Тоҷикистон сафари нахустини давлатӣ ба анҷом расонида, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир намуданд ва масъалаҳои муҳимми ҳамкориро баррасӣ карда, созишномаҳои муштаракро ба имзо расониданд. Дар ин замина на танҳо сарҳадҳо дубора боз гардиданд, балки равобити дӯстона миёни Тоҷикистон ва Узбекистон таҳким ёфта, 26 санади ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байниидоравӣ ба имзо расиданд. Ҳар кадоми ин санади баимзорасида дар устувор гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба нақши калидӣ бозиданд. Ба ин восита дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ҳамкориҳо оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ду маротиба рӯ ба афзоиш ниҳод ва ҳаҷми фурӯши маҷмӯи молу маҳсулот ва гардиши мол ба маротиб боло рафт. Ин тадбири некбинона халқҳои тоҷику ӯзбекро шод гардонид ва равобити хешу табориро дучанд афзун намуд.

Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона моҳи августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон ташриф оварданд ва бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мизиёев мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд. Дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 созишномаи байнидавлатӣ ва байниидоравӣ, аз ҷумла “Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон” ба имзо расид, ки муносибатҳои дуҷонибаи моро ба сатҳи сифатан нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд боло бардошт. Дар заминаи ин санади муҳим ва дигар ҳуҷҷатҳои баимзорасида ҳамкорӣ густариш ёфта, барои таъсиси корхонаҳои муштарак, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, бунёди марказҳои тиҷоратӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам омад ва гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар якчанд маротиба боло рафт.

Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани равобити дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев моҳи июни соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ ба анҷом расонида, дар натиҷаи сафар 35 ҳуҷҷати муҳимми шарикӣ миёни вазорату идораҳои ҳар ду кишвар ба имзо расиданд, ки онҳо роҳи нави муносибатҳоро васеъ карда, барои равобити бисёрҷониба ва бисёрсамта асос гузоштанд. Барои боз ҳам наздик гардидани муносибатҳо ҳайати сохторҳои давлатӣ ба кишвари ҳамдигар сафар карда, бо вазъи шароити кории шарикони худ шинос шуданад ва қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Дар айни замон миёни сохторҳои мухталифи давлативу хусусӣ беш аз 200 созишнома ва шартномаҳо ба имзо расиданд, ки ҳар кадом дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат намуда истодаанд.

Бо мақсади татбиқи ин ҳуҷҷатҳо ва саривақт ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта, дар асоси дастури ду Сарвари давлат инчунин Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки раисии тарафҳои миллии Комиссияи мазкур ба зиммаи сарвазирони кишварҳо вогузор гардидааст. То имрӯз ҳашт ҷаласаи Комиссия баргузор шуда, дар онҳо рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи равандҳои ҳаёти иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтаанд. Ҷаласаи 9-уми комиссия 30 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳимми стратегӣ марвирди баррасӣ қарор гирифта, якчанд қарордоди шарикӣ ба имзо хоҳад расид. Умедворем, ки ҷаласаи мазкур барои рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни вазорату идораҳои дахлдор нақши муҳим мебозад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон баҳри амалӣ шудани ин ҳуҷҷатҳо бо вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар ҳамкорӣ карда, баҳри иҷрои онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. То ҳол бисёре аз масъалаҳое, ки баҳс талаб буданд, бо кумаки Намояндагии дипломатӣ ва иштироки тарафҳо роҳи ҳалли худро пайдо карда, корҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷониба вусъати тоза касб намудаанд.

Бояд гуфт, ки дар муддати чор соли охири шарикии стартегӣ ва ҳамҷаворӣ (солҳо 2018 – 2022) дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамкориҳо вусъат ёфта, дар муносибатҳои дуҷониба комёбиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Махсусан, дар самти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамкориҳо ба маротиб густариш ёфта, байни корхонаву муассисаҳо ва марказҳои савдову тиҷоратии ду кишвар гардиши молу маҳсулот ба маротиб боло рафтааст. Агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар ва дар соли 2020 бо дарназардошти мушкилоти пандемияи Ковид–19 ба 333,8 млн доллари ИМА баробар гаштааст.

Ҳамзамон, дар соли 2021 гардиши савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 447,8 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 он 114 млн доллар (34,2%) зиёд мебошад. Дар даҳ соли охир ин рақам баландтарин нишондиҳанда буда, дар қиёс ба соли 2015 ба маротиба афзоиш ёфтааст. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28 фоиз ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72 фоиз ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.

Рақамҳои оморӣ далолат аз он мекунанд, ки роҳбарияти олии ду кишвар ба савдои хориҷӣ ва гардиши мол диққати аввалиндараҷа дода, баҳри некуаҳволии халқ кӯшишҳои зиёд намуда истодаанд. Сохтори молии содиротро асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, металли сиёҳ (арматура), алюминийи аввалия ва сохтори молии воридотиро аз Ҷумҳурии Узбекистон маҳсулоти гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Агентии омор дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ба 173,6 млн доллари ИМА баробар гардида, мавқеи Ҷумҳурии Узбекистон ҷойи 4 ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 7,9 фоизро ташкил намудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн доллари ИМА (30,4 фоиз) афзоиш ёфтааст.

Содироти мол ба Узбекистон 59,6 млн доллари ИМА-ро ташкил намуда, дар қиёс ба моҳҳои январ-апрели соли 2021 33,3 млн доллар ё 2,3 маротиба зиёд мебошад. Воридоти мол бошад, ба 114 млн доллари ИМА баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 млн доллар ё 6,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2021 ҷиҳати роҳандозии рушди ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ ва ғайра байни мақомот ва тоҷирону сармоягузорони ду кишвар зиёда аз 40 созишномаву ёддошт ба имзо расонида шудааст.

Бо назардошти эълон гардидани «Солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар аз ҷониби Сафорат як қатор чорабиниҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар асоси дастури Сарвари давлат, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорат бо вазорату кумитаҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки ба онҳо масъули ҳамкориҳо гардиданд, робита барқарор карда, барои ҷалби соҳибкорони ин минтақаҳо ҷиҳати дарёфти шарики иқтисодӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ карда, иштироки онҳоро дар намоишгоҳҳо ва форумҳои иқтисодӣ таъмин намуда истодааст. Дар ин замина рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ роҳбарияти ширкати ҶДММ “MERRYMED FARM” ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.

Дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби роҳбарияти Сафорат ва намояндаи тиҷоратӣ тақрибан 80 вохӯриву машваратҳо бо роҳбарияти вазорату идораҳои блоки иқтисодии кишвари иқомат, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ ва корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ анҷом дода шуд.

Рӯзҳои 30 март то 2 апрели соли 2022 бо дастгирии шарикони рушди кишвар ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон сафари кории зиёда аз 30 роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии вилояти Хатлон, аз ҷумла ҶДММ “Насими Куҳсор”, ҶДММ “Хасанҷон-2017”, ҶДДМ “Форсиён” ҶДДМ “Маҳсулоти Ширӣ”, ҶДДМ “Насими Вахш” ва ғайра ба Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, ки онҳо аз Намоишгоҳи байналмилалии «Хӯрокворӣ, компонентҳо ва технологияҳои истеҳсолӣ — UzFood 2022” дидан намуданд.

Рӯзҳои 24-26 марти соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд баргузор гардида, он як платформаи нав барои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки дар формати Форум иқтидори сармоягузории Узбекистон ба доираҳои сармоягузор ва соҳибкорон муаррифӣ шуданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъмателло Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода роҳбарӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур инчунин Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миниханов, президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил-Рено Бассо, президенти Бонки Осиёгии рушд Масасугу Асакава, вазири сармоягузории ШАС Халид ал-Фалих, ноиби президенти Созмони умумиҷаҳонии савдо Сянчен Чжан, ноиби президенти Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ Лимитовский Константин, ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молия Стефани Фридербург, роҳбарони вазоратҳои сармоягузории кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (дар умум 1500 нафар) ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, дар кори Форум зиёда аз 30 ширкату тоҷирони тоҷикистонӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо доираи тиҷоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои иштирокдор гуфтушунидҳо гузарониданд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “Иннопром. Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири саноат ва технологияи нав Шералӣ Кабир ширкат намуд. Дар ҳошияи Намоишгоҳ вохӯрии Вазир ва Роҳбари Намояндагии дипломатӣ бо тоҷирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва дигар иштирокдорони намоишгоҳ доир гашт. Дар вохӯрӣ ба сармоягузорони хориҷӣ оид ба заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои ҷойдошта маълумот манзур гардид.

Инчунин, намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон санаҳои 27-29 апрели соли 2022 дар намоишгоҳи “УзтекстилЭкспо 2022” дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд.

Бо дарназардошти аҳамияти муҳим доштани ин чорабинӣ ва бо мақсади ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯхтани таҷриба ва ворид намудани техникаҳо, содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷа дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ бо мусоидати Сафорат корхонаҳои ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Файзи Тиҷорат», ҶДММ “Нури Истаравшан” ҶДММ “Салимабону”, СИ “Ғаффоров К”, ҶДММ КМ “Ҷавони”, ҶДММ “Сано”, ҶДММ “Рахимов А.А.”, ҶДММ “Наргис”, ҶДММ “САТН”, ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳи “УзтекстилЭкспо 2022» маҳсулоти корхонаҳои “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, ҶДММ “Ортекс”, ҶДММ “Раҳимов А.А.”, ҶДММ “Гулистони Душанбе” ва ҶДММ “Сафия” ба намоиш гузошта шуданд.

Сафорат ҷиҳати ташкил намудани вохӯриҳо бо мақсади бунёди корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бо истифода аз технологияи муосир, омухтани комёбиҳои навтарини истеҳсолот ва бастани созишномаҳои ҳамкории иқтисодӣ бо намояндагони ширкатҳо аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Туркия, Белорус, Эрон ва Ӯзбекистон мусоидат намуд.

Моҳи апрели соли 2022 мулоқоти Муовини Сарвазир — Вазири сармоягузориӣ ва савдои хориҷӣ С. Умурзақов бо ҳайати намояндагии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар вохӯрӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони сиёсии ду кишвар, рушди ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ш. Душанбе, таъмини ҳайати бонуфузи кишвари иқомат дар ин Конфронс ва дигар самтҳои ҳамкорӣ изҳори назар гардид.

Дар ин замина моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Конфронс ва “Инфо-тур” оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ барои ширкатҳои саёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргуор шуд. Дар рафти вохӯрӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар зиёда аз 40 созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бояд гуфт ки дар асоси супориши Сарони давлатҳои ду кишвар роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон ҳамроҳ бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон аз вилоятҳои Тошканд ва Сурхондарё дидан карда, Ёддошти тафоҳум ва Харитаи роҳ миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба имзо расониданд, ки дар заминаи онҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманд оғоз гардиданд. Дар ин сафарҳо меҳмононро Роҳбари намояндагии дипломатӣ ҳамроҳӣ намуда, барои бастани Ёддошти тафоҳум ва қарордодҳо миёни шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳо ба онҳо ёрмандӣ намуд.

Дар соҳаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ низ ҳамкориҳо густариш ёфта, робитаҳо боз ҳам уствор шуда истодаанд. Махсусан, дар соҳаи илму маориф сатҳу сифати ҳамкориҳо рушд карда истодаанд. Солҳои охир миқдори бурсияҳо аз ҷониби ҳар ду кишвар афзоиш ёфта, теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ба маротиб зиёд гардидааст. Танҳо дар соли таҳсили 2021-2022 ба 25 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4609 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон қабул гардидаанд. Аксари онҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия–Тоҷикистон ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Узбекистон дохил шуда, таҳсили худро идома дода истодаанд. Бо ин мақсад дар назди Сафорат Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ таъсис ёфтааст. Намояндагии дипломатӣ бо онҳо чорабиниҳои мухталиф доир менамояд. Ба қарибӣ аъзои раёсати Шӯро дар бинои Сафорат ба иштирокчиёни Форуми ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд доир гардид, вохӯрӣ доир намуданд. Як қисми онҳо якҷо бо меҳмонон дар Форумуи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар вилояти Фарғона баргузор шуд, фаъолона иштирок карда, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ҷавонони ҳар ду кишвар ҳиссаи сазовор гузоштанд. Бояд гуфт, ки Форуми мазкур дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ҷавонони тоҷику ӯзбек нақши назаррас бозид.

Доираи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф идома ёфта, дар ин замина бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ба истифода дода шуд. Маблағи умумии сохтмон 18 миллион сомониро ташкил дода, барои 630 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд барои 640 нафар хонанда ва як кӯдакистон дар вилояти Фарғона барои 300 нафар сохта ба истифода дода шуд. Иншоотҳои мазкур рамзи дӯстии байни ду халқ буда, аз бародарӣ ва ҳамдилии ду миллати тамаддунофар дарак медиҳанд.

Дар соҳаи илм низ ҳамкориҳо саҳту сифати нав гирифта, миёни муассисаҳои илмии ҳар ду кишвар равобити дуҷониба барқарор шуда, олимони ҳар ду кишвар дар ҳамоишҳои илмии сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, бо ҳамдигар табодули назар менамоянд ва асарҳои илмиву амалӣ таълиф карда, дар ҳар ду кишвар онҳоро ба чоп мерасонанд. Дар ин замина байни олимони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамкроиҳои густурда ба роҳ монда шуда, дар баъзе корҳои тадқиқотӣ ҳамдигарро шарикӣ менамоянд. Дар мулоқоти бо Президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон доир гардида, ишора шуд, ки ҷониби Ӯзбекистон омода аст дар ҳамаи соҳаҳои илм бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд ва дар конфронсҳо иштирок карда, чорабиниҳои муштарак доир намоянд. Ин назари некбинона имкон медиҳад, ки дар оянда муассисаҳои илмии ҳар ду кишвар боз ҳам фаъолтар ба нафъи илм кор намоянд ва лоиҳаҳои муштаракро амалӣ гардонанд.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ҳамкориҳо гусатиш ёфта, солҳои охир оид ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатӣ, васеъ намудани робитаи бевосита байни мақомоти идоракунии тандурустӣ, рушди хизматрасониҳои тиббӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, таҳким бахшидани иқтидори кадрӣ, мубодилаи иттилоотӣ ва таҷриба дар соҳаи тиб, фармасевтӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ, ва амсоли инҳо ҳамкориҳои дуҷониба барқарор шуда, дар солҳои охир сатҳу сифати нав касб намуда истодаанд.

Бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон 15 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 150 адад дастгоҳи пирометр, 497 адад тестҳои ташхиси COVID-19, спирти этилӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳои якбормасрафшаванда, айнакҳои муҳофизатӣ, 25 номгӯи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори умумии зиёда аз 1 миллион адад, инчунин 144 600 тонна гипохлорид ҳамчун кӯмаки башардӯстона ирсол карда шуд.

Ба хотири таҳкими дӯстӣ ва кумак ба кормандони соҳаи тибб Ҳукумати Узбекистон инчунин сохтмони Маҷмааи тиббиро дар ноҳияи Қубодиён бунёд намуд. Маҷмааи мазкур аз шуъбаҳои қабул ва функсионалӣ, ҷарроҳии калонсолон ва кӯдакон, урологӣ, чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, бемориҳои кӯдакона, шикастабандӣ, асаб, дил, бемориҳои даруна, занона ва таваллудхона иборат мебошад. Инчунин, дар ҳудуди муассиаи мазкур иншооти ёрирасон, ба монанди озмоишгоҳи клиникӣ, биокимиёвӣ, иммуноферментӣ, вирусологӣ ва бактериологӣ, шуъбаи паталогоанатомӣ ва сардхона, ҳуҷраи безараргардонӣ, корхонаи тавлиди оксиген, ошхона, коргоҳи корезӣ, системаи тоза ва сардсозии ҳаво, системаи обтаъминкунӣ (чоҳи амудии 72 метр) ва дегхонаи буғӣ (бо ангишт) ҷойгир гардидаанд. Маҷмааи тиббӣ дар ноҳияи Қубодиён барои хизматрасонии аҳолии ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон, ки зиёда аз 400 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳанд, бунёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ низ миёни ду кишвар дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Аввали соли 2022 Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо Театри калони давлатии Узбекистон ба номи А. Навоӣ дар ш. Тошканд Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расониданд, ки тибқи он сафарҳои ҳунарии дуҷониба, табодули санъаткорон ва коллективҳои ҳунарӣ, лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ, иштирок дар фестивал ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ташкили курсҳои омузишӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин давра ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг сафарҳои ҳунарии кормандони Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодом ва Театри мусиқӣ-драмавии ш. Қуқанд ба номи Ҳамза Ҳакимзода ба роҳ монда шудааст. Вазоратҳои фарҳанги ҳар ду кишвар ин иқдомро дастгирӣ карда, боварӣ дорем, ки дар сатҳи баланд амалӣ мешаванд.

Дар ҳамин давра Ёддошти тафоҳум миёни Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин маросими супоридани шаҳодатномаҳои аъзогӣ ба рӯзномнигорони варзидари Ӯзбекистон баргузор гардид. Бори аввал дар таърихи муносибатҳои дуҷониба шаш нафар рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ аъзои Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон қабул гардиднд. Ба ғайр аз ин моҳи майи соли равон миёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд ва аз 21 то 25 майи соли ҷорӣ бо мусоидати Намояндагӣ намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон ва рассоми тоҷиктабори ӯзбекистонӣ Э. Абдуллоев дар ш. Тошканд доир гардид. Бояд тазаккур дод, ки чорабиниҳои мазкур бори аввал дар ин сатҳ дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд доир шуда, саҳифаи нав дар рушди ҳамкориҳои рассомони ду мамлакат мебошад.

Бояд қайд кард, ки моҳи сентябри соли сипаришуда дар доираи эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» бахшида ба 30 — солагии ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил конфронси байналмилалии китобдорон «Се даҳсолаи шарикии ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи милии Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба имзо расид.

Миёни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам ҳамкориҳои густурда ба роҳ монда, доир ба чоп ва нашри осори адибон ва тарҷумаи онҳо корҳои шоиста оғоз шудаанд. Танҳо тавассути Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон аз рӯйи як лоиҳа 30 китоби адибони тоҷик чоп шуда, ба мактабҳои тоҷикӣ ва китобхонаҳо тақсим карда мешаванд. Алакай се номгӯйи он аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардид. Умедворем, ки ин китобҳо рӯзҳои наздик ба Китобхонаи милли Тоҷикистон низ фиристода мешаванд.

Ба хотири арҷ гузоштан ба чеҳраҳои адабию фарҳангӣ низ дар кишвари дӯсту ҳамсоя як қатор чорабиниҳо доир мешаванд. Онҳо ҷашнҳои устод М. Турснзода, С. Улуғзода, Ҷ. Қувноқро дар сатҳи баланд дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Ҷиззаху Намангон доир намуданд. Ба қарибӣ дар бинои Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии маънавӣ -фарҳангӣ бахшида ба 81-солагии шоири хақии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ доир гашт, ки дар кори он Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо синамонигорони Ҷумҳурии Узбекистон, пас аз барқароршавии муносибатҳои мутақобилан судманд, соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар таърихи соҳибистиқлолӣ Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии миллии “Узбеккино” Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Бо дархости ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон аз 19-ум то 22 -юми майи соли 2021 Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор шуд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон филмҳои ҳунарӣ ва мустанади “Тоҷикфилм”, аз ҷумла филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб», «Қисмати шоир»-и коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов, «Рақси зиндагӣ»-и Муҳаббат Сатторӣ, «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов, «Автобус»-и Абдулҳай Зокиров ва филмҳои мустанади «Ваҳдати миллӣ»-и коргардон Абдулҳай Зокиров ва «Шинохти Саразм»-и коргардон Рустам Сатторзода дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Андиҷону Фарѓона ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамзамон, дар ин давра бо пешниҳоди роҳбарияти олии ду кишвар ҷиҳати таҳия филми ҳунарӣ дар бораи таърихи дӯстии халқҳои тоҷику узбек, дар симои Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар ин самт аз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, таҳия, коркард ва эҷоди филмнома мавриди корбарӣ қарор гирифт. Ҳоло синопсиси ин филм омода шуда, барои шиносоӣ ба ду Сарвари давлат пешниҳод гардидааст. Умедворем, ки баъди гирифтани назару андешаҳои ду Роҳбари давлат масъалаи таҳияи намоишнома ва наворбардории филм оғоз хоҳад ёфт.

Дар ҳақиқат, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон муносибатҳои некбинонаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо суръат идома дошта, ин иқдом дар таҳкими муносибатҳои дӯстона нақши бузург бозида истодааст. Ҳар ду Сарвари хирадманд ва дурандеш — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев кӯшиши онро доранд, ки анъанаҳои неки бародаронаро боз ҳам пойдор гардонанд ва миёни халқҳои тоҷику узбек дӯстии абадиву ҷовидонаро мустаҳкам намоянд.

Ба ин хотир рӯзҳои наздик сафари рассмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба нақша гирифта шудааст. Бовар дорем, ки дар ин сафар масъалаҳои ҳамкорӣ боз ҳам васеъ баррасӣ мешаванд ва равобити дӯстона ҳар чи зиёдтар таҳким меёбанд. Дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Умедворем, ки ин сафари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дӯсту ҳамсоя ва вохӯриашон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Ш. Мирзиёев саҳифаҳои нави ҳамкориро миёни ин ду халқи дӯсту бародар – тоҷику узбек боз менамоянд ва равобити мо боз ҳам қавитар мегардад.

https://khovar.tj/2022/05/amkorii-to-ikiston-va-uzbekiston-gustarish-meyobad-mulo-iza-oi-safiri-t-dar-toshkand-abdu-abbor-ra-monzoda-dar-oshiyai-safari-rasmii-aribulvu-i-peshvoi-millat-ba-u/ 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg