Баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

02.06.2022 00:32

Рӯзи 1-уми июни соли 2022 дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и ш. Тошканд форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Форуми мазкурро Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Муовини Сарвазир–Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ифтитоҳ намуданд.

Дар кори форум намояндагони аъзоёни ҳукуматҳои ду кишвар, соҳибкорон, тоҷирон, сармоягузорон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Зимни форум миёни намояндагони Ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва соҳибкорони ду кишвар масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи форум миёни соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 40 созишномаву қарордодҳои тиҷоратӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард доллари ИМА ба имзо расид.

Дар форуми мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода ва кормандони Сафорат иштирок намуданд.

Возможно, это изображение один или несколько человек и люди стоятВозможно, это изображение 4 человека, люди сидят, люди стоят и костюмВозможно, это изображение один или несколько человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg