Рӯзи 1-уми июни соли 2022 бахшида ба сафари дарпешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ш.Тошканд бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи байналмилаии Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар Конфронси мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Усмонзода, муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон П. Муҳаммадзода, Директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Г. Майтдинова иштирок намуда, дар мавзӯоти гуногунҷабҳаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон маърӯза намуданд.