Рӯзи 1-уми июни соли 2022 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати сафари дарпешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи А. Навоӣ, намоиши китобҳои ҷадиди адибони тоҷик ва китобҳои тозанашри Сарвари давлат баргузор гардид.
Намоиши мазкурро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, оид ба равобити дӯстонаи ду кишвар дар самти рушди фарҳанг, илм, техника, китобхонӣ андешаронӣ кард. Сипас, китобҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба фонди Китобхонаи миллии Ӯзбекистон тақдим намуд.
Намоиши мазкур давоми як ҳафта идома хоҳад дошт.