Иштироки Сафир дар ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ.

08.06.2022 18:19

Имрӯз дар шаҳри Тошканд дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ ба кори худ оғоз кард.

Дар кори ҷаласа Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, як қатор роҳбарони муассисаҳои тиббии кишвар ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок доранд.

Дар ҷаласа намояндагони ҷомеаи илмӣ, коршиносони варзидаи соҳаи тибби муосир, анъанавӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат намуданд.

Мақсади асосии чорабинӣ табодули иттилоот дар бораи таҷрибаҳои навтарин ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногуни тандурустӣ, аз ҷумла тибби халқӣ мебошад.

Зимни ҷаласа “Харитаи роҳи” ҳамкорӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда миёни муассисаҳои тиббии давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расид. Ҳамчунин як қатор барномаҳои ҳамкорӣ дар самти тибб миёни вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифт.

1.jpg

2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg