Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Словакия

30.08.2022 20:23

30 августи соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бо Сафири Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд) Ян Борӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ техникӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо масъалаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории таҳқиқотҳои илмии палеонтологӣ, таъсиси ширкати муштараки истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва тақвияти ҳамкориҳои тиббиро, аз ҷумла дар самти муолиҷаи бемориҳои саратон муҳокима намуданд.

Ян Борӣ барои ташкили сафари гуруҳи кории "Шӯрои содирот ва воридоткунандагони Словакия" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои иқтисодии кишвар ва вусъат бахшидани савдои мутақобила изҳори омодагӣ намуд.

1.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg