Ифтиттоҳи иншоотҳои фарҳангиву таърихӣ

30.08.2022 20:24

Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ш. Мирзиёев дар як қатор шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон иншоотҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла дар шаҳри Тошканд Маркази IT технологӣ, дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм ҳайкали қаҳрамони халқи ӯзбек–Султон Ҷалолиддини Мангубердӣ ифтиттоҳ гардиданд ва санги асос ҷиҳати бунёди шаҳраки Ал-Хоразмӣ гузошта шуд.

Боиси хушнудист, ки дар арафаи ин ҷашни фархунда дар шаҳри Самарқанд ҳайкали асосогузори адабиёти тоҷику форс–Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кушода гардид. Қомат афрохтани ҳайкали фарзанди халқи тоҷик ва адиби оламшумул дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи мардумони тоҷику ӯзбек нақши муҳим мебозад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон халқи ӯзбек ва тоҷикро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ифтиттоҳи ҳайкали Абӯабдулло Рӯдакӣ ва дигар иншоотҳои фарҳангӣ самимона табрик менамояд.

Боварии комил дорем, ки ифтиттоҳи чунин ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ муносибатҳои дӯстонаро миёни ду халқи ба ҳам бародар боз ҳам мустаҳакам мегардонад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg