Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

14.09.2022 13:21

Рӯзи 13 сентябри соли 2022 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 14-умин Кинофестивали байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим» ба кори худ оғоз бахшид.

Дар доираи Кинофестивали мазкур 13-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд рӯзҳои кинои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузур гардид.

Аз ҷумла, нимаи дуюми ҳамон рӯз Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Театри бузурги  давлатии  академии ба номи Алишери Навоӣ ифтитоҳ гардид. Дар кори он намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" М. Шоҳиён, муовини директори генералии “Узбеккино” Ш. Ризоев, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон С. Ҳақдод ва ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон иштирок намуда, аз тақвияти ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвар ибрози андеша намуданд.

Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон  бо филми "Роҳ" кори худро оғоз намуд.

Қобили зикр аст, ки 14-умин Кинофестивали байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим», дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз 13 то 18 сентябри соли ҷорӣ идома ёфта, дар он филмҳои ҳунарӣ ва мустанади “Тоҷикфилм”, аз қабили:

филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳамадрабии Исмоил,

филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умедшо Мирзоширинов,

филми мустанади “Масири ҳамдилӣ-СҲШ” коргардон Файзулло Файзов,  ки ба Рӯзҳои кино дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм бахшида шуддааст,  идома меёбад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg