Мулоқоти Сафир бо Сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

21.09.2022 19:43

Рӯзи 20-уми сентябри соли 2022 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода бо Сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷ. Иргашев баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои сарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин Сафир барои дар сатҳи муносиб қабул кардани ҳайти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самити СҲШ, ки рӯзҳои 15-16 дар шаҳри Самарқанд доир гардида буд, ба ҷониби Ӯзбекистон изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи муносиб иштирок намудани ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки рӯзҳои 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, суҳбат карданд.

1.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg