Иштирок дар таҷлилӣ 114- солагии адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев

24.09.2022 16:16

Рӯзи 23 сентябри соли 2022 дар Қасри фарҳанги вилояти Қашқадарё бо ташаббуси Роҳбарияти вилоят ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон дар вилоят, маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба ёдбуди адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, академик, зодаи деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоби в. Қашқадарё Абдулғанӣ Муҳаммадович Мирзоев баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Мудири маорифи вилоят, муовини Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Н. Зайниддинова, Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон дар в. Қашқадарё И. Турсунов, раисони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон дар дигар шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон ва намояндагони илм, зиёиён, ходимони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, олимони адабиётшинос ва донишҷӯёну мактаббачагон ширкат намуданд.

Чорабиниро муовини Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Н. Зайниддинова ҳусни оғоз бахшида, дар робита ба ҳаёт ва фаолияти эҷодии адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи тоҷик ба таври мухтасар маълумот дод.

Сипас, суханро ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дод. Нахуст, Сафир аз  Ҳокими вилояти Қашқадарё, роҳбарияти Маркази миллӣ- фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё ва созмондиҳандагони маҳфили илмиву фарҳангӣ изҳори сипос намуд. Зимни суханронии хеш номбурда иброз дошт, ки академик А. Мирзоев фарзанди тоҷики ин диёр буда, мактаби таҳсилоти ибтидоиро дар  ноҳияи Қаршӣ хатм кардааст. Вай ба шаҳри Санкт-Петербург (Ленинград) рафта, соли 1939 ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград дохил мешавад ва онро бо баҳои аъло хатм менамояд. Вай баъди хатм ба Тоҷикистон роҳхат гирифта, корро дар Институти таърих, забон ва адабиёти Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз менамояд. Ҳамчунин қийд намуд, ки академик А. Мирзоев дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми назаррас гузошта, шогирдони зиёдеро аз кишвари ҳамсоя тарбия намуда, соҳиби дараҷаҳои илмӣ гардонидааст. Ӯ ҳамчун донишманди асил барои рушди илмҳои таърих, адабиётшиносӣ, матншиносӣ, манбаъшиносӣ ва бостоншиносӣ нақши сазовор гузошта, як қисми осораш ба ганҷинаи илми ҷаҳонии шарқшиносӣ ворид шудааст.

Дар чорабинӣ дигар иштрокдорон маърӯза намуда, фикру андешаҳои нек баён карданд.

photo-2022-09-24-15-13-21.jpg

photo-2022-09-24-15-13-14.jpg

photo-2022-09-24-15-12-32.jpg

12.jpg

23.jpg

photo-2022-09-24-15-12-53.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg