Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон дар Фестивали анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллии намояндагиҳои дипломатӣ дар Тошканд ширкат варзид.

24.09.2022 17:22

Дар Боғи истироҳати “Central Park”-и шаҳри Тошкент Ҷашнвораи XVIII хайрияи анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид. Ҷашнвора бо ташаббуси Бюрои хадамоти дастгоҳи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон радифи сафоратхонаҳои дигари хориҷӣ бо суфраи худ дар ҷашнвора иштирок намуд.

Суфрае, ки Сафорат барои ин ҷашнвора густард, аз таомҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, мисли қурутоб, оши кӯфта, оши бурида, оши палав, шӯрбо, инчунин, бастаи шириниҳо, маҳсулоти аз хамир тайёршуда, себу шафтолуву анор, ангуру анҷир ва амсоли он иборат буд.

Дастандаркорони Ҷашнвора дар охир ғолибонро аз рӯи номинатсияҳо эълон карданд. Суфраи тоҷикӣ аз рӯи номинатсияи “Таомҳои миллии таърихӣ» ғолиб дониста шуда, сазовори мукофоти махсус гардид. Барои ширкати фаъол дар чорабинӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиби диплом гашт.

photo-2022-09-27-19-04-40.jpg

photo-2022-09-27-19-04-20.jpg

photo-2022-09-27-19-04-30.jpg

14.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg