Рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дар маросими ифтиттоҳи бинои нави Донишгоҳи байналмилалии кишоварзии шаҳри Тошканд иштирок намуд.
Дар суханронии худ Роҳбарияти Донишгоҳ ба қабули донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тариқи грант изҳори назар карданд.
Дар маросими мазкур ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбарони вазорату идораҳои Ӯзбекистон ширкат намуданд.