Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Ӯзбекистон

05.10.2022 17:43

Рӯзи 5-уми октябри соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзи забони давлатӣ, таҷлил гардид.

Дар маҳфил кормандони Сафорат, Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, олимон, коршиносони соҳаи забоншиносии муассисаҳои илмӣ, шоирону нависандагон, устодон, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода оғоз намуда, нахуст ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуданд. Инчуини қайд карданд, ки ин ду сана барои тамоми мардуми тоҷик ва соири мардуми Тоҷикистони азиз аз санаҳои муҳим ба шумор мераванд.

Зимни суҳбат номбурда иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд, ки: “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад”.

Дар идомаи суханронӣ Сафир нақши Пешвои миллатро дар рушди забони тоҷикӣ арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.

Зимни суханронии худ рӯзноманигор ва тарҷумон Шоҳқаҳор Муҳаббатзод қайд намуд, ки забони тоҷикӣ забони дипломатия низ мебошад. Барои ҳамин дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба рушду ривоҷи он аҳаммияти хоса дода мешавад.

Дар идома маҳфил шоирон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Паймон ва Абдулло Субҳон баромад карда, дар бораи қудрату тавононии забони ноби тоҷикӣ ҳарф заданд ва шукӯҳи онро тавассути ашъори зебои худ васф намуданд.

photo-2022-10-05-16-49-12.jpg

IMG-5066.jpg

photo-2022-10-05-16-49-30.jpg

photo-2022-10-05-16-44-04.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg