Ташрифи Сафир ба Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

05.10.2022 17:46

Рӯзи 4 октябри соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода аз Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуд.

Зимнан бо раванди ба таҳсил фаро гирифтани шунавандагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаи моддӣ-техникӣ, фаъолияти кафедраҳои тайёрии ҷангӣ, гуманитарӣ ва забономӯзӣ шиносоӣ пайдо гардид.

Дар вохӯрӣ бо роҳбарият ва ҳайати илмии Академия масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи илми тадқиқотӣ дар омодакунии кадрҳои ихтисосманди низомӣ мувофиқа гардид.

photo-2022-10-05-17-15-31.jpg

photo-2022-10-05-17-16-03.jpg

photo-2022-10-05-17-15-08.jpg

photo-2022-10-05-17-15-47.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg