Вохӯрӣ дар Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон

30.09.2022 22:55

Рӯзи 30 сентябри соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллаев доир гардид.

Дар мулоқот рушди ҳамкориҳо дар соҳаи санъати мусиқӣ инчунин бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил намудани консерти муштарак миёни композиторон ва бастакорони ду кишвар дар шаҳри Тошканд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин тарафҳо ҷиҳати ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон ва Итттифоқи композиторони Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

photo-2022-09-30-19-09-29.jpg

photo-2022-09-30-19-09-30.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg