Тақдими китоби “Тоҷикон”-и Академик Бобоҷон Ғафуров ба кормандони Рӯзномаи «Овози тоҷик»

30.09.2022 22:57

Имрӯз дар арафи 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода туҳфаи пурарзиши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони Рӯзномаи «Овози тоҷик» тақдим намуд.

Зимни суҳбат Сафир аз муносибати дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самтҳо суҳбат намуд. Ҳамчунин нақши рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро дар инъикоси густурдаи робитаҳо махсус таъкид намуда, иброз дошт, ки Рӯзномаи «Овози тоҷик» пули дӯстии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ин лиҳоз дар саҳифаҳои рӯзнома доир ба фарҳанг ва тамаддун, адабиёт ва ҳунари халқи тоҷик низ матолиби зиёде пайваста нашр мегардад.

photo-2022-09-30-19-11-37.jpg

photo-2022-09-30-19-11-38.jpg

photo-2022-09-30-19-11-34.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg