Суханронии Сафир дар Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия

20.10.2022 19:40

Рӯзи 20 октябри соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия боздид намуда, барои донишҷӯён бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон маърӯза хонд.

Зимни суҳбат Сафир аз наздикии таъриху фарҳанг ва оинҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон андешаронӣ намуд. Инчунин роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯз то рӯз тақвият ёфта истодаанд, ибрози андеша кард.

Баъд аз маърӯза донишҷӯён ба Сафир саволҳои мавзӯӣ доданд, ки ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

  • AVAZ8542.jpg
  • AVAZ8531.jpg

photo-2022-10-20-19-05-29.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg