Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

22.10.2022 19:50

Рӯзи 22 октябри соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мухторов Илҳом доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар изҳори назар намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти пурсамари низоми гумрукӣ ва мусоидат кардан дар ҳамлу нақли молу маҳсулот пешниҳодҳои мушаххасро ироа намуданд.

Ҳамзамон тарафҳо масъалаи тезонидани муоинаи гумрукӣ ва пешгирии тамбашавии воситаҳои нақлиётӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ баррасӣ шуда, барои таҷдид ва афзудани иқтидори қабули ННГС “Бекобод” ва таъсиси гузаргоҳҳои нави аҳамияти байналмиллалӣ дошта ба мувофиқа расиданд.

Возможно, это изображение 4 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg