Ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ густариш меёбанд

26.10.2022 18:27

Рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қаҳрамон Юлдашев доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчунин густариши ҳамкориҳо дар самти кооператсияи саноатӣ ва кишоварзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти суҳбат тарафҳо роҷеъ ба тақвият бахшидани корҳо дар самти боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ изҳори назар намуданд.

Ҳамзамон, Сафир ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии аграрии Ӯзбекистон пешниҳод манзур намуд, ки он аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg