Маърифатомӯзи сухани воло ва пайвандгари арзишҳои олии инсонӣ  ( Чанд сухани пурмеҳр дар бораи устод Ҷӯрахон Бақозода)

20.11.2022 14:13

 

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз устоди қадрдон ва донишманд Ҷӯрахон Бақозодаро ёд менамоем. Бо ин баҳона рӯзҳои беҳтаринеро, ки дар Донишгоҳ ҳамкор будем, пеши назар оварда, симои нуронӣ ва пурмеҳру муҳаббати муаллимро хотировар мешавем. Ӯ инсони хоксор, марди донишманд, муаллими поквиҷдон, дӯсти беҳтарин  ва олими нуктасанҷ буд ва гӯё ин мисраъҳои Ҷомии бузургвор дар ҳақи вай гуфта шудаанд:

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст,

Он чиз, ки туро зи ғам раҳонад, илм аст.

Ҷузъ илм талаб макун, ту андар олам,

Он чиз, ки туро ба Ҳақ расонад, илм аст.

Муаллим Ҷӯрахон Бақозода аз ҷумлаи донишмандону устодони шинохтаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буданд, ки бо истеъдоду маҳорат ва хирадмандиву накӯкориашон дили омӯзгорону донишҷӯёнро ба даст оварда буданд ва дар ҳама маҳфилҳои илмиву адабӣ онҳоро ҳамроҳӣ ва раҳнамоӣ менамуданд.  Вай аз фанни таърихи адабиёти муосири тоҷик ва  нақди адабӣ дарс мегуфт ва дониши хело мукаммал дошт. Дарсҳояшро бо як масъулияти баланд ва омодагӣ мегузаронид ва ҳамеша кӯшиш менамуд, ки шогирдонаш бештар маълумоти нав ва ҷолиб ба даст оваранд. Махсусан, дар таҳлили асарҳои адибон ҳамеша  бо мулоҳиза сухан мегуфт ва ҳунару истеъдоди нависандагонро бо тарзи ба худ хос ба донишҷӯён шарҳ медод. Дарсҳои махсусаш ба мисли кори эҷодӣ мегузашт. Дар онҳо лабараторияи адабии нависанда таҳлил шуда, маҳорати эҷодии ӯ ба таври муфассал нақду баррасӣ мегардид.

Ин таҷрибаи бойи омӯзгориро муаллим Бақозода аз падари бузургвораш ёд гирифта, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд онро такмил дода буданд. Пасон, солҳои зиёд дар Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор карданд, дар Энсиклопедияи тоҷик ифои вазифа намуданд ва ба сифати мудири шӯъбаи нақди адбии маҷаллаи “Садои Шарқ” фаъолият карда,  бо кулбори бойю ғанӣ ба даргоҳи  Донишгоҳ ворид гардиданд. Ӯ дар ин боргоҳи маърифат умри азизашонро сарфи маориф карда, пешаи омӯзгориро то охири ҳаёташон идома доданд. Ба ин кори пурмасъулият ӯро мудири кафедраи назария ва адабиёти муосири тоҷик устоди арҷманд, профессор Р. Мусулмониён (рӯҳашон шод бошад) даъват карданд. Ҳамон вақт ба Донишгоҳ ҷалб кардани устодон аз берун осон набуд ва танҳо олимони шинохтаро ба кор қабул мекарданд ва озмун низ хело калон буд. Профессор  Р. Мусулмониён, ки муаллим Ҷ. Бақозадаро хело барвақт мешинохтанд, аз ӯ даъват ба амал оварданд, ки ҳамчун шахси таҷрибадор, соҳибкасб, адабиётшинос ва муҳаққиқи шинохта дарси нақди адабиро бар уҳда гиранд ва ба донишҷӯён аз ин фан дарс гӯянд. Хело бо мушкилӣ муаллим ба ин пешниҳод розӣ шуданд ва аввал, ба сифати коромӯзу ҳамкор  дарс гуфтанд ва баъдан, пас аз таҷрибаи омӯзгорӣ пайдо кардан ва бо устодони факултаву донишҷӯён аз наздик шинос шудан пурра ба кори омӯзгорӣ гузаштанд. Муаллим қариб ҳамаи аъзои кафедраро мешинохтанд ва  онҳо низ муаллимро хуб пазируфтанд. Бо ҳамин устод Ҷ. Бақозода муаллими кафедраи мо шуданд. Мо ба ин восита бо муаллим аз наздик шинос шудем.

Дар чопи аввалин мақолаи банда, ки дар “Садои Шарқ” интишор шуда буд, муаллим Ҷ. Бақозода, ки ҳамон вақт мудири шӯъбаи нақди адабии маҷаллаи мазкур буданд, саҳми босазо гузоштаанд. Баъди бо телефон суҳбат кардани устодам С. Табаров бо вай мақоларо ба наздашон бурдам, гуфтанд, ки мутолиа менамоям, баъд хулосаамро мегӯям. Чанд рӯз пас омадам, гуфтанд, ки дар шумораҳои наздик чоп хоҳад шуд. Он вақт дар курси панҷум мехондам ва чоп шудани мақола дар чунин маҷаллаи адабӣ дар ин синну сол як  шӯру шари дигар дошт. Ҳамкурсон маро барои ин комёбӣ табрик ва устодони кафедраамон таъриф менамуданд.

Насиб афтод, ки баъди хатми Донишгоҳ бо ҳидояти устоди зиндаёд С. Табаров маро дар кафедраи мазкур ба сифати муаллим ба кор қабул намдуданд.  Бароям ин бахти ниҳоят бузург буд. Устодони кафедра бо меҳрубонӣ ба ман кумак мекарданд, таҷриба меомӯзониданд, вазифадор мекарданд, ки донишамро мукаммал гардонам, адабиёти илмиву адабиро зиёд мутолиа намоям ва бештар ба дарсҳои устодон даромада, аз эшон касб омӯзам.  Бо устод Ҷ. Бақозода дар кафера аз наздик шинос шуда, бо вай ҳамкорӣ мекардем ва мақолаҳоямонро пеш аз чоп аз назари устод мегузаронидем. Вай бо як меҳрубонӣ ва қадрдонӣ мақолаҳоро мехонд, таҳрир мекард ва барои босифат шудан маслиҳатҳо медод. Мо кӯшиш мекардем, ки камбудиҳои мақоларо ислоҳ намоем ва пасон ба чоп супорем. Бо ҳамин восита мо доимо доир ба ҳусну қубҳи асарҳои тозаэҷоди адибони тоҷик баҳс мекардем  ва назари устодро нисбат ба асари нав  мешунидем. Дар бисёри ҳолат вай бо таҳаммул дар бораи асраҳои тозаэҷод изҳори назар мекард ва худаш ҳар як асари навро бо диққат ва ҷиддӣ мехонд ва нисбат ба ҷанбаҳои бадеии он бо мулоҳиза сухан мегуфт. Вай дар навиштани мақолаи илмӣ низ бо ин усул кор мекард ва бо ҷиддият асарҳои адибони тоҷикро таҳлил, тадқиқ ва нақду баррасӣ менамуд ва бо тарзҳои мухталиф ин ҳунарро низ ба мо меомӯзонд. Дар ҳама ҳолат устод шахси хоксор ва серталаб буданд ва шогирдонашро дӯст медоштанд ва ба онҳо дар таҳияи мақола, рисола ва маърӯза кумак мекарданд. Ба шогирдоне, ки роҳбари кори дипломиашро бар уҳда мегирфтанд, зиёдтар ёрӣ мерасониданд, рафти корашро назорат менамуданд ва барояшон аз китобхонаи шахсиашон рисолаҳои илмӣ оварда, кӯшиш менамуданд, ки шогирдашон рисолаи дипломиро бо муваффақият дифоъ намоянд. Бо чунин хислатҳои некаш шогирдон ӯро дӯст медоштанд ва ба қадраш мерасиданд. Мо ҳамкорҳо аз дипломатияи баланд, одоби муошират ва меҳрубонии ӯ ҳам лаззат мебурдем ва ҳам меомӯхтем. 

Устод Ҷӯрахон Бақозода дар баробари омӯзгори асил будан, ҳамчунон аз зумраи мунаққид ва адабиётшиносони забардасти тоҷик ба шумор мерафтанд, ки бо таҳлилҳои доманадор ва андешаҳои судмандашон миёни адибон ва дӯстдорони адабиёт эҳтироми хоса доштанд ва дар рушди ин соҳаҳои адабӣ хидмати беназир кардаанд.

Вай аз овони ҷавонӣ ба адабиёт завқи баланд дошт ва бо тавсияи падарашон, ки омӯзгори шинохта буданд, ба осори адибони гузаштаву муосири тоҷику форс  шинос шуда, ба омӯзиши асарҳои адибони рус ва ҷаҳон низ рағбати калон пайдо намуда буд. Ҳамин меҳру муҳаббат ба адабиёт ва таъриху фарҳанг Ҷӯрахони ҷавонро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Ӯ дар он ҷо бо муваффақият таҳсил намуда, нозукиҳои касби омӯзгориро аз бар намуд ва аз беҳтарин устодон, амсоли Раҳим Муқимов, Х. Мирзозода, Масъуд Расулӣ, Т. Зеҳнӣ, Ҳ. Ирфон, Т. Абдуҷабборов, Б. Валихӯҷаев ва дигарон сабақ омӯхта, бо кӯшиши онҳо нозукиҳои илми адабиётшиносиро аз бар кард. Пасон, ба Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ ба кор омада, ду сол ба сифати ходими илмӣ кору фаъолият намуд. Сонӣ, бо тавсияи устодон соли 1964 барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳони Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  рафта, на танҳо нозукиҳои илми адабиётшиносӣ ва нақди адабиро омӯхт, балки рисолаи номзадиашро дар як муддати кӯтоҳ бо муваффақият дифоъ карда, ба Душанбе баргашт. Ӯ баъди бозгашт дар Институти забон ва адабиёти тоҷики Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолияташро идома дода, бо олимони шинохта, мисли М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, Х. Мирзозода, Р. Амонов,  С. Табаров, Л. Н. Демидчик, Н. Нурҷонов  ҳамкорӣ мекунад. Минбаъд доираи кору фаъолияташ васеъ гардида, якчанд муддат дар Энсиклопедияи советии тоҷик, маҷаллаи “Садои Шарқ” заҳмат кашида, аз соли 1989 аввал ба тариқи соатбай ва пасон ба сифати омӯзгор, мудири кафедра ва то охири умр дотсенти кафедраи назария ва адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон адои вазифа менамояд.  Вай дар ҳама вазифаҳояш ба халқу Ватан содиқона хидмат карда, ҳамчун шахси меҳнатдӯст, заҳматкаш, масъулиятшинос шинохта шудааст.

Ҷӯрахон Бақозода аз солҳои шастум ба таҳқиқи насри бадеӣ машғул шуда,  дар бораи эҷодиёти устод С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, А. Деҳотӣ, Ф. Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, А. Самадов, Ҷ. Акобиров, Муаззама ва дигарон мақолаҳои илмиву оммавӣ  таълиф кардааст. Дар баробари ин ба нақди адабӣ машғул шуда, ба асарҳои тозаэҷоди аксари адибони солҳои 60-80–уми асри гузашта мақола, тақриз ва китобиёт таълиф карда, ҳусну қубҳи асарҳои адибонро холисона ва воқеъбинона нақду баррасӣ намудааст. Дар баробари ин пажӯҳишҳои алоҳида  доир ба таҳаввул ва ташаккули насри бадеӣ ва адабиёти тоҷик таълиф карда, бурду бохти адабиёти тоҷикро дар давраҳои муайяни таърихӣ мавриди тадқиқ қарор додааст.

   Ҷӯрахон Бақозода ба асарҳои устод С. Айнӣ баҳои баланд дода, аҳаммияти онҳоро дар рушди адабиёти  тоҷик муҳим арзёбӣ намудааст.  Вай бо насри реалистии Айнӣ диққати махсус дода, таъсири қиссаҳои “Ҷаллодони Бухоро”, “Одина”, “Марги судхӯр”, романҳои “Дохунда”, “Ғуломон” ва асари тарҷумаиҳолии “Ёддоштҳо”-ро дар адабиёти тоҷик  дуруст таҳқиқ намудааст. Ӯ маҳорати қиссапардозӣ, тарзи таҳкия, сужасозӣ, характерофаринӣ,  интихоби ҷузъиёт ва ҳикояпардозии  устод С. Айниро таҳқиқ карда,  ба офаридаҳои нависанда баҳои воқеӣ додааст.   Вай дар мақолаҳои ба ҳунари нависандагии устод С. Айнӣ тааллуқдошта  ишора кардааст, ки устод С. Айнӣ аз насри ривоятии гузаштаи халқҳои тоҷику форс  фаровон истифода карда, на танҳо онро такмил додааст, балки дар заминаи он насри нави реалистиро ба вуҷуд овардааст. Бо таъсири устод Айнӣ насри реалистӣ дар адабиёти тоҷик арзи ҳастӣ карда, бисёре аз адибони тоҷик,  дар зери таъсири мактаби Айнӣ ба камол расиданд, соҳиби дастовардҳои назаррас шуда, дар адабиёти муосири тоҷик шуҳратёр гардидаанд. Дар ҳамин замина донишманд доир ба инъикоси тасвири реалистӣ дар адабиёти тоҷик  изҳори назар карда, таҳаввул ва ташаккули қиссаву романҳои адибони садаи бистумро таҳлил кардааст. Ба ғайр аз ин, устод Ҷ. Бақозода ба эҷодиёти М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун, Гулназар, А. Самад, К. Мирзо ва дигарон рӯ оварда, масъалаҳои муҳимми адабиётшиносиро дар мисоли дастовардҳои адибони мазкур мавриди таҳқиқ қарор додааст.  

 Дар рисолаҳои вай “Падидаҳои тоза” (“Черты нового”, 1974), “Михайил Шолохов ( бо ҳамроҳии Р. Ҳодизода, 1975), “Ҷустӯҷуҳои эҷодӣ дар насри муосири тоҷик” (1982), “Нависанда ва идеали замон” (1987), “Андеша ва чеҳраҳои адабӣ” (2005), “Абдулҳамид Самадов ва инкишофи ҳикоя (2007), “Гузашти айём ва таҳаввулоти адабиёт” (2009) паҳлуҳои мухталифи адабиёти муосири тоҷик, таҳаввулу рушди он, хусусиятҳои навҷуёнаи адибони солҳои 60-80-уми тоҷик мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Мунақид дар ин рисолаҳои илмӣ ва илмиву оммавии худ ба таври густурда кӯшиши адибони тоҷикро ҷиҳати интихоби сабку услуб, мавзӯву муҳтаво, тарзи баёну андеша, истифодаи санъатҳои тасвирӣ ва воситаҳои бадеӣ ва амсоли инҳо таҳқиқ карда, бо ин роҳ заминаҳои рушди адабиёти муосири тоҷикро дуруст муайян намудааст. Вай ба сифати мунаққид дар баъзе мақолаҳояш доир ба интихоби мавзӯъ, тарзи тасвир, инъикоси характер ва кушодани саҷияи персонажҳо, инчунин масъалаҳои жанриву услубии адибони тоҷик  изҳори андеша карда, аз ошкор кардани камбудиҳои асарҳояшон низ дурӣ наҷустааст. Баъзан, мунаққид дар чунин ҳолатҳо рӯирост сухан гуфта, норасоӣ ва камбудҳое, ки дар кори эҷодии нависанда ва ё шоир ба мушоҳида мерасанд, ошкор намудааст ва ба асар баҳои воқеӣ додааст. Агар нависанда дар интихоби сужет, ё кушодани чеҳраи воқеии персонаж камбудӣ зоҳир карда, дар инъикоси рӯйдоду воқаеаҳо ба зиёдаравӣ роҳ дода бошад, мунаққид ин камбудиҳоро ифшо карда,  барои ислоҳи он тавсияҳои судманд пешниҳод намудааст. Дар мақолаҳое, ки ба эҷодиёти П, Толис, С. Турсун, Сорбон, А. Самадов ва дигарон бахшида шудаанд, ин ҳолатро дидан мумкин аст.

Устод Ҷ. Бақозода, махсусан ба маҳорати нависандагии Ф. Муҳаммадиев баҳои баланд дода, доир ба бисёр асарҳои вай назару андешаи воқеъбинона баён намудааст. Вай романи “Палати кунҷакӣ”-ро  дастоварди нави адибони муосири тоҷик  дониста,  ба ҳунари Ф. Муҳаммадиев, ки дар интихоби жанр, устухонбандиву сужет ва кушодани саҷияи персонажҳо муваффақ шудааст, баҳои воқеӣ додааст. Вай дар муайян кардани жанри роман низ кӯшиш карда, “Палатаи кунҷакӣ”–ро романи фалсафиву иҷтимоӣ номидааст. Дар баробаи ин мунаққид ба ташаккул ва таҳаввули эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев диққати махсус дода, нақши  ӯро дар рушди ҳикоя ва қисса дуруст муайян кардааст. Вай ба ҳикояҳои нависанда, ки аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва интихоби мавзӯъ хело ҷолибанд, баҳои реалӣ дода, хусусияти наву тоза  касб кардани жанри ҳикоя, аз ҷумла қувват гирифтани ҳикояҳои лирикиро дар насри бадеи тоҷик дар мисоли ҷустуҷӯҳои эҷодии Ф. Муҳаммадиев дуруст ошкор кардааст. Бояд гуфт, ки бо таъсири Ф. Муҳаммадив дар адабиёти тоҷик ҳикоя ҳамчун жанри бадеӣ ҷанбаҳои нав касб кард ва адибони ҷавони тоҷик онро такмил дода, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Ҳамин ҷустуҷӯҳои услубиву бадеии адибони тоҷикро устод Ҷ. Бақозода дар рисолаи “Абдулҳамид Самадов ва инкишофи ҳикоя” ҳамаҷониба таҳлил намудааст. Муҳаққиқ бо масъулияти баланд ва дар асоси таҳлили ҳикояҳои А. Самадов дуруст муайян менамояд, ки бо таъсири ҳикояҳои Ф. Муҳаммадиев як зумра нависандагони ҷавон дар адабиёти муосири тоҷик на танҳо мактаби ҳикоянависии Ф. Муҳаммадиевро идома доданд, балки дар рушди ин жанри бадеӣ ба таври шоиста соҳиби комёбиҳо гардиданд. Яке аз чунин адибон А. Самадов мебошад, ки дар пешрафти жанри ҳикоя саҳми босазо гузошта, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ба ақидаи адабиётшинос Ҷ. Бақозода нависанда  дар интихоби мавзӯъҳои ҳаётӣ ва тасвири рӯзгори мардуми оддии деҳот бештар комёб шуда, дар ин мавзӯъ ба як қатор дастовардҳои эҷодӣ мушарраф гардидааст. Вай ба мушкишилии жанри ҳикоя нигоҳ накарда, ҳамеша кӯшиш кардааст, ки воқеаи хурду назарногирро интихоб намояд ва ба ин восита хислату рафтори муосиронро равшан созад. Мунаққид ҳамин ҷустуҷӯҳои эҷодии А. Самадовро дарёфт карда, ба маҳорати нависандагии ӯ баҳои воқеӣ медиҳад. Адабиётшинос инчунин дар ин рисола ҷанбаҳои назарии жанри ҳикояро тадқиқ карда, доир ба сохти ҳикоя, устухонбандии он, сабку таркиби он изҳори назар карда, мавқеи хос пайдо кардани ин жанрро дар адабиёти солҳои 60-80-уми асри бист дуруст муайян менамояд.

Яке аз дастовардҳои устод Ҷ. Бақозода дар нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик  дар тарзи таҳлил ва воқеъбинона нақду баррасӣ кардани асарҳои адибони муосир ба назар мерасад. Вай дар вақти таълифи мақолаҳояш қонунмандии илми танқиди адабӣ  ва назарияи адабиётро ба инобат гирифта, ба эҷодиёти адиби мавриди таҳқиқ қароргирифта пура шинос мешавад, асарҳои ӯро мутолиа мекунад ва пасон, бо як маҳорати хос бурду бохти эҷодиёти ӯро пай дар пай  дар муқоиса бо дигар адибон таҳлил менамояд. Методи муқоисавию таҳлилие, ки дар адабиётшиносӣ роиҷ гаштааст, дар чунин ҳолатҳо ба мунақид имкон медиҳад, ки дар асоси он асари бадеиро нақду баррасӣ намояд ва баҳои воқебинона диҳад. Чунин ҳолатро дар вақти чоп шудан ва мавриди танқид қарор гирифтани романи “Гузашти айём”–и Ҷумъа Одина дидан мумкин аст.

Нависандаи нозукбин  Ҷумъа Одина дар романи ”Гузашти айём” ҳақиқати солҳои сиюму панҷоҳуми асри гузаштаро ба таври реалистона тасвир карда, аввалин маротиба  дар адабиёти муосири тоҷик нотарсона камбудиҳои сохти мавҷударо тасвир менамояд ва иллатҳои заиф гашатани маъанавиётро дар ҷомеа ошкор месозад. Вай бо тавассути баҳсу мунозира ва таҳлилҳои давомдори персонажҳои роман як қатор камбудиҳои ҷамъияти Шӯравиро фош карда, баъзе роҳбаронро рӯйирост танқид менамояд. Дар он давра ба воситаи асари бадеӣ чунин сухан баён кардан кори осон набуд, аммо Ҷ. Одина  ҷуръат карда, камбудиҳои сохтори мавҷудаи коммунистиро ифшо мегардонад. Бо ин сабаб вай ба танқиди сахти роҳбарони вақт ва баъзе ҳампешагони хеш рӯ ба рӯ гардида буд.   

Дар ҳамин вазъияти мушкилу мураккаб Ҷ. Бақозода мақолаи “Гузашти айём ва таҳаввулоти адабиёт”-ро таълиф намуда, на танҳо ба ҳунари нависандагии Ҷумъа Одина баҳои баланд медиҳад, балки асари мазкурро як навъ таҳаввулоти эҷодӣ дар насри бадеӣ ва адабиёти муосири тоҷик медонад. Ҳамзамон мунаққид ба воқеат  наздик шудани нависандаро дуруст шарҳ дода, бо далелҳо ба ҳунару маҳорати нависандагии Ҷ. Одина баҳои баланд медиҳад. Баъди мақолаи мазкур диди роҳбарони ҳамонвақта ва баъзе ҳамқаламони адиб ба нависанда дигар шуданд. Мақолаи мазкур имкон дод, ки  адибони тоҷик ба воқеият наздик шаванд, тарзи тасвирашонро тағйир диҳанд ва ҳаёти халқро дуруст тасвир намоянд. Ба  муаллим Ҷ. Бақозода чунин чашмандозии илмиву таҳлилӣ даст дод, ки тавассути методи таҳлиливу муқоисавӣ навҷӯии адибони тоҷикро ошкор намояд ва ба рушди адабиёт ва насри бадеӣ мусоидат намояд.  

Бе муболиға, дар аксари мақолаҳои устод Ҷ. Бақозода чунин навъи таҳлилро дидан мумкин аст. Вай аз ҷумлаи адабиётшиносони нуктасанҷе буданд, ки  ҳар як асарро ҷиддӣ мутолиа мекарданд, дар асоси таҷриба ва дониши баланди назариявӣ хулосаҳояшонро рӯйи варақ оварда, мақолаҳои пурмазмуну таҳлилӣ таълиф менамуданд.

Дар ҳақиқат, муаллим Ҷӯрахон Бақозода мактаби нақди адабиро дар адабиётшиносии тоҷик пеш бурданд ва аз хеш асарҳои ҷолиб ва рисолаҳои бунёдӣ ба ёдогор гузоштанд. Номи некаш аз хотираи шогирдону дӯстон дур нашуда, мероси илмиашон ӯро ҷовидона  зинда медоранд. Вай, бешак дар рушду  омӯзиши илми адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва тарбияи садҳо нафар ҷавонони сухандӯст саҳми босазо гузошта, дар дили онҳо ҳамчун машъали тобон дурахшон боқӣ мондааст. Дар ҳаққи ӯ барин инсонҳо Мавлоно Ҷомӣ  гуфтаанд, ки:

Бандаам покраверо, ки дар ин дайри куҳан,

То зиёд пок зияд, то биравад, пок равад.

Бешак, устод Ҷӯрахон Бақозода инсони покрав буданд, пок зистанд ва пок ин дунёи фониро тарк карда, меҳру муҳаббат, самиммияту одамият ва сухандониву сухансанҷиашонро ба халқашон ёдгор гузоштаанд. Ҳамеша ёдаш гиромӣ бод. 

 

Абдуҷаббор Раҳмонзода

узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg