Аз рӯзи 13 то 16 ноябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд Конфронси ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба таълим ва тарбияи кӯдакони сину соли барвақтӣ ҷараён дорад.
15 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ш. Мирзиёев ва Котиби генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар Конфронси ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба таълим ва тарбияи кӯдакони сину соли барвақтӣ дар шаҳри Тошканд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ доир ба дастовардҳои кишвар, аз ҷумла ислоҳотҳо дар самти илму маориф ва фарогирии кӯдакони сину соли томактабӣ изҳори назар намуд. Инчунин қайд намуданд, ки дар ин давра баробари таъсиси Вазорати томактабӣ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб кардани кӯдакон ба таҳсили томактабӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.
Дар кори Конфронс Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия инчунин маориф ва илм иштирок намуданд.