Рӯзи 11 ноябри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Бухоро ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои сайёҳӣ бо Директори минтақавии Департаменти сайёҳи ва мероси фарҳангии вилоят Суҳроб Бобокалонов вохӯрӣ намуд.
Зимни сӯҳбат Сафир оид ба имконоти гардишгарӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии табобатӣ, зиёратӣ куҳнавардӣ, экотуризм, фарҳангӣ ва варзишӣ маълумоти муфассал дод.
Дар идома мусоҳибон ҷиҳати ташкил намудани форумҳои муштараки сайёҳӣ, инфотурҳо, ташкил намудани хатсайрҳои заминиву ҳавоӣ бо мақсади интиқоли сайёҳон инчунин дигар масъалаҳои заруриро барои рушди туризм баррасӣ намуданд.
Пас аз мулоқот ҳайати Тоҷикистон барои тамошои ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва зиёрати оромгоҳҳои бузургону орифон, аз ҷумла “Ҳафт пир”-и тариқат, мақбараи Шоҳ Исмомили Сомонӣ инчунин зодгоҳи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, Сардафтари адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони Бухоро қарор дорад, дидан намуданд.
Боиси хушнудист, ки соли оянда бо ташаббуси Ҳокими вилояти Бухоро Осорхонаи С. Айнӣ дар зодгоҳаш пурра таъмир ва азнавсозӣ мегардад.