Рӯзҳои 1-2 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд Форум ва конфронси байналмилалии "ҳафтаи сайёҳии зиёратгоҳҳо" доир гардид. Дар кори он намояндагони 40 кишвари дунё, ниҳодҳои моллии байналмилалӣ ва созмонҳои сайёҳӣ, коршиносону мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва уламои дин иштирок намуданд. Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, рӯзнанигорони шабакаҳои телевизионӣ ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ карданд.
Дар рафти Форум Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода баромад намуда, доир ба рушди ҳамкориҳо ва имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла саёҳати зиёратгоҳову мақбараҳои орифону адибони Тоҷикистон маълумот доданд. Инчунин ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим шумориданд.