Рӯзи 30 ноябри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати баррасии муносибатҳои фарҳангӣ бо Раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дустӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Қурбонов мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ба шарофати иродаи сиёсии раҳбарони олии Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои ду кишвари бародар дар пояҳои дӯстӣ, ҳамсоядории нек ва шарикии стратегӣ босуръат рушд ёфта, самтҳои навро фаро мегиранд ва мазмуну мундариҷаи ҷадидро касб менамояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки мардуми ду кишварро таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ, эҳтироми ҳамдигар ва анъанаҳои чандинасраи неки ҳамсоядорӣ ба ҳам мепайванданд. Ин ҳамгироӣ заминаи мустаҳкам ва усули асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ташкил мекунад. Равобити дӯстонаи мутақобил дар ин муддат рӯ ба рушд ниҳодаву бо қадамҳои дилпурона ва амалҳои мушаххаси тарафайн ғанӣ мегарданд.
Гуфтугӯҳои ошкоро ва холисонае, ки дар сатҳҳои олӣ роҳандозӣ шудааст, барои густариши ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ заминаи мустаҳкам гузоштааст. Дар навбати худ, равобити фарҳангию башардӯстона ва иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯз то рӯз инкишоф ёфта истодаанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ вобаста ба 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳфилҳои зиёди муштараки фарҳангӣ дар қаламрави ду кишвар, аз қабили консетрҳо, намоишгоҳҳои рассомон, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ баргузор гардиданд.
Дар идомаи суҳбат Сафир А. Раҳмонзода барои дастгириҳои ҳамаҷониба ба марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Рустам Қурбоновро сипосгузорӣ намуд.
Ҳамчунин Раиси Кумита Р. Қурбонов барои ҳамкориҳои Сафорат ва фаъолона иштирок намудани Роҳбарият ва кормандони Намояндагӣ дар чорабиноҳои фарҳангии Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ кард.
Зимни суҳбат тарафҳо ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани робитаҳои фарҳангии ду кишвар, инчунин таҳияи Нақшаи чорабиниҳои муштараки ҳамкорӣ барои соли 2023-ро баррасӣ намуданд.