Рӯзи 29 ноябри соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бейбут Атамкулов вохӯрӣ намуд. Худи ҳамон рӯз Роҳбари намояндагӣ бо Сафири Ҷумҳурии Арманистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Арам Григорян вохӯрӣ кард.
Дар рафти вохӯрҳо ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро миёни Тоҷикистону Қазоқистон ва Арманистон мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар намуданд.