Иштироки Сафир дар мизи мудаввар

19.12.2022 18:03

Рӯзҳои 17-19 декабри соли 2022 дар осоишгоҳи куҳии «Арчазор»-и ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои димпломатии муқими Ӯзбекистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ӯзбекистони Нав» — шарики боэътимод дар ҷаҳони тағйирёбанда ва бо ҳам алоқаманд» доир намуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони корпусҳои дипломатӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ва сафирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

Дар баромади худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов дар бораи дастовардҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистони Нав маълумот дод.

Зимни чорабини Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода оид ба робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон суханронӣ намуд. Дар охир ба сафоратҳое, ки фаъолияти бештар доштанд, аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдирномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиби Ифтихорномаи фахрӣ гардид.

photo-2022-12-19-10-55-03.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg