ДУ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ДАР ЯК СОЛ

22.12.2022 17:39

aksi-Safir.jpgСолҳои охир мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта,  пешниҳодҳои он аз ҷониби аксарияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд. Ибтикороти мазкур дар муаррифии ҳар чи бештари кишвари маҳбубамон нақши калидӣ мебозанд.  Онҳо барои устувор гардидани мавқеи давлат ва ба таври  шоиста муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз дар арсаи олам аҳаммияти ниҳоят бузург доранд. Махсусан, пешниҳодҳои кишварамон дар масъалаҳои фаромиллӣ, аз ҷумла мушкилоти об дар сайёра аз ҷониби бисёр кишварҳои пешрафта дастгирӣ ёфтаанд ва натиҷаҳои дилхоҳ на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки барои бисёр кишварҳои камоб ва поёноб ба бор оварданд. Бахусус, баргузории самиту конфронсҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон имкон доданд, ки бисёр масъалаҳои алоқаманд ба об мавриди баррасӣ қарор гиранд ва ба навбат роҳи ҳалли худро пайдо намоянд.  Чунин чорабиниҳо самараи хуб ба бор оварда, боиси боло рафтани обрӯй ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон гардиданд. Дар ин замина, моҳи декабри соли равон пешниҳоди панҷуми Тоҷикистон дар  Созмони Милали Муттаҳид мавриди арзёбӣ қарор гирифта,  якдилона дастгирӣ ёфт.

Рӯзи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77 – уми худ Қатънома дар бораи эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” – ро қабул намуд. Ин ду пешниҳод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол гардида буд ва хушбахтона аз ҷониби 153 давлати ҷаҳон якдилона дастгирӣ ёфтанд ва мақоми Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардоштанд. 

Ибтикори мазкур дар шароити тағйир ёфтани иқлим, дигар шудани муҳити сайёра ва зиёд гардидани гармиҳо саривақтӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҳифзи пиряхҳо нақши муҳим мебозад. Бо ин ташаббус Сарварди давлати тоҷикон кишвари моро шоиста муаррифӣ карда,  эътиборашро боз ҳам баланд бардоштанд.

Дар баробари ин Созмони мазкур қарор қабул кард, ки  соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро доир намояд.   Ин иқдом низ саривақтӣ буда, барои баррасӣ кардани масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо нақши калидӣ хоҳад бозид. Дар шароити кунунӣ масъалаи мазкур   аҳаммияти глобалӣ касб карда, нарасидани оби ошомиданӣ дар аксари кишварҳо эҳсос мешавад. Барои ҳалли масъалаи мазкур ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи пайдоиши об муҳиммият пайдо карда, натиҷагирӣ кардани он саривақтӣ мебошад.   

Боварӣ дорем, ки бо қабули чунин санадҳои муҳим бисёр масъалаҳои глобалӣ  дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати аз хатарҳои вазнин ҳифз кардани инсоният мусоидат менамояд. Дар ин замина таъсис ёфтани “Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо”  иқдоми дуруст ва зарурӣ буда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои фаромиллӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҳаматарафа кумак менамояд. Умедворем, ки кишварҳои сармоягузор ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ ин Фондро дастгирӣ менамоянд ва мабағи онро баҳри ҳифзу ҳимояи пиряхҳо равона хоҳанд кард.

Боиси хушнудист, ки дар арафаи Соли Нави мелодӣ боз як  ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ гашта, дар оянда имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳим, аз ҷумла гирифтани пеши роҳи обшавии босуръати пиряхҳо, беҳтар кардани вазъи муҳити зист ва  ҳифзи сиҳатии инсон  мавриди арзёбӣ қарор гиранд ва давра ба давра роҳи ҳалли худро пайдо намоянд. Умед аст, ки ин пешниҳод сари вақт амалӣ шуда, дар боло рафтани мавқеи Тоҷикистони азиз ҳам мусоидат хоҳанд кард.  

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ин ибтикори Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ ва тарғиб карда, дар амалӣ гардидани он саҳми шоистаи худро мегузоранд.

Аз фурсати муносиб истифода карда,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин пирӯзӣ ва фаро расидани Соли Нави мелодӣ самимона табрик менамоям.

А. Раҳмонзода

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg