Иштирок дар Фестивали байналмилалии “Ӯзбекистон хонаи умеди халқҳо”

29.12.2022 12:42

Рӯзҳои 27-28 декабри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ҷиҳати иштирок дар Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Ӯзбекистон хонаи умеди халқҳо” ба ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст, Сафир А. Раҳмонзода ҳамроҳи Раиси ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё А. Ҷураев дар толори маданият наврасон ва ҷавонони ноҳияро ба муносибати Соли нави мелодии 2023 табрик намуданд.

Сипас, дар Фестивали байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.Дар долони толор намоиши анъанаву суннатҳои халқҳои муқими Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил гардид, ки меҳмонон аз он дидан намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ як зумра шоирони тоҷиктабори ноҳия ашъори нави худро вобаста ба дӯстии халқҳо қироат намуданд.

Дар баробари ин, Сафир дар ифттитоҳи Боғчаи кӯдакон дар деҳаи Сайроби н. Бойсун, ки сокинонаш ҳама тоҷикзабонанд, иштирок кард.

Вохӯриҳо бо роҳбарони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ноҳия ва вилояти Сурхондарё дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.      

  Возможно, это изображение 4 человека и люди стоят

Возможно, это изображение 4 человека, люди стоят, воздушный шарик и на открытом воздухе

Возможно, это изображение 6 человек, ребенок, люди стоят, воздушный шарик и в помещении

Возможно, это изображение 4 человека, люди сидят и люди стоят

Возможно, это изображение 5 человек и люди стоят

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg