Ҳамкориҳо рушд меёбанд

06.01.2023 16:16

Рӯзи 06 январи соли ҷорӣ и.в. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Саидов Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот муҳтарам Бахтиёр Одилович доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ду давлат, татбиқи созишномаҳои тарафайн ва вусъат бахшидани кооператсия дар бахшҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, саноат, илму маориф ва фарҳагу тандурустӣ изҳори назар намуд ва қайд кард, ки дар Соли нави мелодӣ баҳри рушди равобити дуҷониба ва дар сатҳи баланд доир кардани чорабинҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ ҳарчи бештар талош хоҳад намуд. Номбурда ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангии ду давлат афзалияти бештар дода, ҷиҳати таҳким бахшидани ин самтҳо пешниҳодҳои судманд иброз намуд.

Дар рафти суҳбат Бахтиёр Одилович саҳми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам С. Муҳриддинро дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба махсус қайд карда, хидматҳои шоистаи ӯро дар амалӣ шудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Б. Саидовро ба ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, ҷиҳати вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва тадбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назару андешаҳои хешро баён намуд.

Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

323917165-1151785742366941-876461611290151527-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg