Интишори китобҳои нав дар Ӯзбекистон

01.01.2023 19:23

Солҳои охир бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ду Сарвари давлат - Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои фарҳангиву адабӣ рушд карда, барои тоҷикон ва тоҷиктаборони муқими Ӯзбекистон шароити ҳарчи бештар муҳайё шуда истодааст. Дар ин замина марказҳои дӯстӣ таъсис ёфта, дар онҳо тоҷикон ва дигар қавму миллатҳо бо ҳам анъанаву суннатҳои худро тарғиб менамоянд ва забону фарҳангашонро ҳифз мекунанд.

Ба қарибӣ бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон романи “Фирдавсӣ”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Сотим Улуғзода аз чоп баромад. Романи мазкур ба мактбҳои тоҷикӣ ва китобхонаҳои кишвари ҳамсоя ройгон тақсим карда мешавад. Аз ин пеш чор китоби дигари адибони тоҷик тавассути Маркази тоҷикон интишор гардида буд.

Дар идомаи ин иқдоми неку шоиста бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон маҷмуаи мақолаҳои "Пайроҳаи илм” оид ба зиндагӣ ва осори илмии академик Абдулғанӣ Мирзоев аз нашр баромад. Дар ин маҷмуа мақолаҳои муҳаққиқони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аз ҷумла мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик А. Раҳмонзода ба сифати пешгуфтор чоп гардидааст. Ҳамзамон вобаста ба ёдбуди ин шарқшиноси барҷаста дар ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё махфили илмиву оммавӣ баргузор гардида буд. Чунин иқдомҳои шоиста дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши арзанда мебозад.

1234514.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg