Суҳбати телефонӣ бо иҷрокунандаи вазифаи  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

12.01.2023 18:23

11 январи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

С.Мухриддин ҳамтои узбеки худро ба муносибати таъиноташ ба ин мансаб самимона табрик намуда, ба ӯ дар кори масъулиятноки давлатӣ муваффакиятҳо таманно намуд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ табодули афкор намуданд.

Гуфтугӯ дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

12-01-2023-15-13.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg